Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– То кунун маълум нест… Хайр чаро истодаӣ?
Далер ки то кунун пушти дар меистод аз шунидани суханони модар сараш хам, бе ягон сухан ба тарафи ҳуҷраи хобаш рафт. Лаҳзае пас ман бо оби хунук дасту рӯй шуста, ба қавле каме ҳушёртар шудам ва ба навбатдори идора занг зада, ба суолҳои худ посух гирифтам. Ба нею нестони Наталя Василевна нигоҳ накарда, субҳонаи тайёр намудаашро нахӯрда, аз хона баромадам. Табъам хира, ҳардам фикр мекардам, ки кӣ ва чӣ хелу барои чӣ ӯро парронд? Беназирро каме дуртар аз хонаи иҷоравиаш дар рӯ ба рӯйи майдони «Варзишгар» ба қатл расо-нида буданд. Навбатдор ҳам маълумоти аз ин бештаре надоштааст, чунки то кунун гурӯҳи фаврӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, ба идора барнагаштааст.
Шиносоии аввалинамро бо Беназир ба ёд овардам: Соли гузашта дар арафаи иди Наврӯз сарвари ШКД Воҳид Камол духтараки резапайкареро бо худ ба маҷлисгоҳ оварда гуфт:
– Шинос шавед, ин кас Беназири Назир. Бо фармони вазири корҳои дохилӣ ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ оид ба корҳои ноболиғон таъин шуда, ба шуъбаи мо омадааст.
Хатмкунандаи Донишгоҳи омӯзгорӣ. Гумон мекунам, ки Беназир арзандаи номаш хоҳад шуд.
Воҳид Камол чиро дар назар дошт, рӯйирост нагуфт, вале дарк намудан ҳам душвор набуд, ки ӯ Беназири кунуниро бо кадом Беназир шабеҳ додааст. Қади Беназир миёна, чашмонаш чун олу сиёҳ, мижгонҳои дароз, мӯйҳои марғулаи кутоҳаш, лабони ақиқ, рухсораҳои арғувониаш ҳамон лаҳзаҳо пайконро дар қалби чанд ҳамкори муҷҷарадамон зада тавонист.
Баъди панҷ – шаш моҳ ба Беназир унвони махсуси лейтенанти милитсия доданд. Ба рости либоси низомӣ қаду қомати духтарро боз ҳам мавзунтар намуда буд. Муносибати Беназир ба ҳамкорон ниҳоят самимӣ буд ва ҳамагон ӯро эҳтиром мекарданд.
Сари роҳи калон баромада таксиеро боздошта суроғаро гуфтам.
– Милисаед? – пурсид ронанда.
– Бале чӣ буд?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо