Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

ПАЙНАВИШТҲО
- Наберааш Субҳия.
- СССР.
- Шеър аз Зулфия Атоӣ.
- Мартабот, мартаба.
- Навъи ҳезуми бутагии ба алаф монанд, ки оташи ниҳоят тез дорад.
- Нигар ба қиссаи Шарифбек Азизӣ «Ҷосус».
- Мурғи афсонавӣ.
- Сухан аз С. Шерозӣ.
- Шахсеро мегўянд, ки бо ришва харидан имкон нест.
- Сухан аз С. Шерозӣ.
- Шеър аз Холиси Кошӣ.
- Шеър аз Аҳмади Ҷомӣ.
- Шеър аз Аҳмади Ҷомӣ.
- Жучок.
- Шеър аз Соиби Табрезӣ.
- Фурўдгоҳ дар Новосибирск.
- Шеър аз С. Шерозӣ.
- Фурўдгоҳи Сан – Петербург.
- Яке аз фурўдгоҳҳои шаҳри Москва.
- Боздоштгоҳи муваққатии милиса.
ТО РЕША
ДАР ОБ АСТ…
РОМАН
Дар ин субҳи якшанбеи моҳи феврал аз шуои офтоб, ки шишаи шаффофи тирезаро убур намуда, болои бистарро ба зери тасарруфи худ дароварда, сару рӯямро сила намуд, бедор шудам. Рафту агар чашм намекушодам гумон мекардам, ки модарам сару рӯямро сила намуда истодааст. Чун чашм кушодам худро болои бистар танҳо дидам. Симои модарам пеши назарам омад. Акнун он симоро ман гоҳ– гоҳ хоб мебинам...
Лаҳзае болои бистар ноҷунбон истода чашм ба арш духтам. Дишаб каме ҳам бошад нисбат ба рӯзҳои гузашта барвақтар аз кор баргаштам ва ҳамроҳи Далеру модараш нақшаи чӣ тавр гузаронидани ин рӯзи истироҳатро кашидем.
Чун Абдумаҷид парвое надорад, ману модараш талаби Далерро барои рафтан ба «Боғи ботаникӣ» пазируфтем.
Ҳаво гарм омад. Даҳаи дуюми моҳи феврал, раворави зимистон бӯйи баҳорро овард. Ман аз оинаи шаффофи дари хонаи хобам Далерро дидам, ки дар айвон кайҳо омодаи сафар аст. Боз сухани модарашро ҳам шунидам, ки аз ошхона ба ӯ мегуфт:
– Далерҷон, ҳоло барвақт, бигузор дадоят ақалан ҳамин як рӯз хоби бароҳат раванд.
Далер чизе гуфтани буд, ки занги телефон садо дод…
Ӯ бо амри модар гӯшакро бардошт...
– Ҳа, хонаи Абдумаҷидов.
– Ҳозир гӯшакро ба модарам медиҳам.
Наталя Василевна, ки симояшро ман аз оинаи дар медидам, гап зада, афсӯс мехӯрд ва илова кард:
– Албатта, меоянд. Магар дар чунин рӯз...
– Худаш чӣ гап? – овоз рушан намудам ман.
– Тадбир ба тақдири Худованд намонад, – гӯён Наталя Василевна дари ҳуҷраи хобро кушода пурсид:
– Беназир кист?
– Беназири Назир лейтенанти милиса, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ оид ба корҳои ноболиғон. Чӣ буд?
– Вайро парронидаанд.
Гӯё дар сарам як сатил оби хунук рехта бошанд, вуҷудам биларзид ва дар як мижа задан ҷаста хестам.
– Кӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо