Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

дигараш Собировро аз нав ба маҳалли содиршавии ҷиноят бурданд ва ӯ дар куҷо партофтани он гилзаи аз киссаи
Қобилов ё худ Санҷобро нишон дод. Гилзаи гирифташуда, ки навъи СП–3 буд, норасоии ҳалқаро дар шадда пурра намуд. Тафтишот фақат ба як суоли хеш ҷавоб нагирифт, чӣ тавр Қобилов тавонистааст, ки гилзаи аз камон ҷастаро бигирад. Эҳтимол терористи дар ҷустуҷӯ буда ягон роҳу равиши ин корро медонистааст…
Ғуфрон Саид ва тарабхонаи «Моҷаро» мавриди назорати доимии милиса қарор гирифт ва се моҳ пас бинобар фаъолияти ғайриқонуниаш бо қарори шаҳрдорӣ баста гардид.
Ба мақсади санҷиши нишондоди Собиров, ки гӯё
Қобилов қасд ба ҷони нафаре аз бинои муқобил намуда буд, аксар сокинони дар ҳамон самт тиреза дошта пурсида шуданд ва оқибат собиқ сарвари ҳизби коммунист Зӯҳро
Шафиевна ба гуноҳи хеш иқрор шуд, ки ӯ ҳамаи он ҳодисаро аз аввал то ба охир дида буд, вале ба хотири наберааш аз гуфтани ҳақиқат худдорӣ намуд…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо