Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунин маблағ аз шахсе, ки панҷ сол паси панҷара буду се моҳ дасташро ба оби хунук назада… Маҳз ҳамин бозёфт сабаб шуду гумонбаршуда аз баргардонидани яроқи ҷиноят саркашӣ накард. ТОЗ – 16 – ро ки Имомназаров шояд ба умеди рӯзи фардо пинҳон намуда буд, бо ду дасти адаб аз сарои хонаашон баровард…
БА ҶОЙИ ЭПИЛОГ

Ташхиси кимиёвӣ дар пиёлаи оби «Шоҳамбарӣ» ки Азимова ба бемор Боҳир Қаюм дода буд ва ҳам дар дохили худи шишаи чапашуда миқдори зиёди заҳрро муайян намуд…
Алоқамандии Бунафшаи Боронро бо ҳамшираи шафқати беморхонаи шаҳрӣ Соро Азимова наворҳои гирифташуда собит намуданд ва дар натиҷа ҳарду зан, ки яке пойбанди муҳаббати ҷинояткоре гаштаву дуюмӣ пойбанди нафс ба гуноҳи содирнамудаи хеш пурра иқрор шуданд…
Боҳир Қаюм ҳангоми рӯ ба рӯ намудан он ҷавони дар ошхонаи заводи металургии шаҳри Новокузнетский дидаашро, ки худро дӯсти дӯсти губернатор номида буд, дар байни панҷ нафари ҳамсину соли худаш расман шинохт ва ҳангоми рӯ ба рӯшавӣ бо Фаррух Собиров ва Зафар Аббос дар куҷо ва дар кадом ҳолат дидани онҳоро, ки мехостанд ба ивази як нигоҳи сарироҳи сарӣ ӯ аз танаш ҷудо намоянд, гуноҳи ҳардуро дайн намуд…
Собиров ва Зафар Аббос дар рафти тафтишот собит карданӣ шуданд, ки дар ғорат намудани автомашинаи инкасаторӣ худи Галиев онҳоро роҳбару роҳнамо буд ва бо яроқ онҳоро худи вай муҷаҳҳаз намуд ва дар он субҳи 22 декабр вақте ки бо оҳан ба сараш зарба заданду вай беҳуш шуд, дар кисса ва бағалаш яроқашро наёфтанд ҳарчанд медонистанд, ки яроқи инкасатори ду рӯз пештар ба ҳалокат расида дар дасти ӯст…
Ҳангоми гузаронидани санҷиши тафтишотӣ дар бинои нӯҳошёнаи аз замони империяи Бузург боқӣ монда Фаррух Собиров ба ҷойи Қобилов чӣ тавр ба нишон гирифтани шахси аз пеши автомашинаи «Мерседес 600» баромадаро, ҳамчунин дар кадом дараҷа дасти яроқнокашро ба тарафи бинои муқобил ва чи тавр бо лулачӯб ӯро ба поён тела доданро ба пурагӣ шарҳу эзоҳ дод. Рӯзи

пешина
аз 515
навбатӣ