Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Акнун ӯро дар куҷо боздошт мекунанд барои майори милиса Абдумаҷидов фарқ надошт, муҳимаш ки вайро боздошт намоянд…
Кормандони БДА–и автомашинаи тамғаи «Волво» – ро ҳамагӣ сад метр дуртар аз тарабхона дар ҳоле, ки ронанда ҳанӯз муҳаррикро ба кор наандохта буд, боздошт намуданд ва ҳамаи инро сабаб он буд, ки автомашина ба номи худи ронанда набуд. Дар натиҷа баҳс байни ронанда ва кормандони БДА оғоз шуд ва Наврӯз Умар ҳамроҳи Абдумаҷидов ҳам шоҳиди ин баҳс гашта ба ҳимояи милисаҳо бархестанд…
Соати 2335 дақиқа Аликро бо дастони кишанзада ва рафиқонашро чун шоҳид ба милисаи ноҳияи Гулистон оварданд.
Албатта, пеши милисаи ноҳияи Гулистон имшаб чун шаби гузашта бозорро намемонд. Ба ҷуз гурӯҳи фаврӣ – оперативӣ дар милиса каси дигар ҳам набуд. Чун Алик аз додани нишондод саркашӣ намуда, ҳимоячӣ талаб намуд, ӯро дар асоси моддаи 4121 КМҶ ҳамчун шахси гумонбар дар содир намудани ҷиноят боздошт намуданд. Баъди муайян намудани шахсияти он се нафари дигар соате пас онҳоро ҷавоб доданд…
Субҳи рӯзи 27 январ дар ҳузури ҳимоячӣ муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф бо Имомназаров Амирбек Бекназарович, ки бо тахаллуси Алик худро ба Собиров Фаррух Азамович муаррифӣ намуда будааст, сари суҳбат нишаст. Дар ҳоле, ки муфаттиши прокуратура бо гумонбаршуда Имомназаров дар суҳбат буд, кормандони милиса бо роҳи оперативӣ дафтари аъмоли ӯро варақгардон намуданд…
Муайян карда шуд, ки Имомназаров ҳамагӣ се моҳ пеш аз маҳбас озод шуда, дар ягон ҷо кор намекунад. Ташрифи аввалин ӯро ба дорулахлоқ авбошӣ сабаб гашта аст.
Мардумон беҳуда нагуфтаанд, ки хар рафт Маккаю Мадина ва чун омад боз ҳамон ду гӯши дарозаш. Дорулахлоқ ҳам ба Имомназаров сабақ нагашту ӯ ба ҷинояти вазнинтаре даст зад…
То нимаи дуюми рӯз онҳое, ки синаи хешро дар муқобили олами ҷиноӣ сипар намуда буданд на танҳо гуноҳи эшонро ба пурагӣ дайн намуданд, балки дар манзилаш кофтуков гузаронида, нуҳҳазору панҷсаду панҷоҳ долари амрикоиро низ ёфта гирифтанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо