Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ рӯйи объектро дида наметавонист, вале либосҳои осмонирангаш худ муаррифгари ӯ буданд. Духтараки дар паҳлуи чапи вай нишаста, ки самти нигоҳаш ба тарафи дари даромадгоҳ буд, ба гӯшаш чизе гуфта қоҳ–қоҳ хандид. Он ду нафари дигар ҳам ким чи гуфта хандиданд…
– Танҳо нишастаед? – гуфтани Наврӯз Умар ӯро аз байни андешаҳо берун овард.
– Мизро барои шумо банд карда шиштам, – гӯён ӯ курсиеро аз тарафи рост нишон дода.
Наврӯз Умар ба курси нишаста пурсид: – вайро дидӣ?
– Рӯяшро не.
– Нафаҳмидам.
– Он кас дар рӯ ба рӯйи худат, танҳо се курси ба самти ғарб. Либосҳояш осмонӣ.
– Ҳамоне, ки пушташ ба тарафи мо ҳаст?
– Худи худаш.
– Он марди дар паҳлӯи ӯ нишаста кист?
– Намедонам.
– Ба фикрам ҳамаи онҳо як гурӯҳ.
– Эҳтимол ҳамин хел ҳам бошад.
Ниҳоят ҳамаи он гурӯҳ аз ҷой бархоста ба тарафи саҳна ҳаракат намуданд ва дар ҳавои мусиқии «Циганка» ҷисми хешро ба ларза оварданд.
Алик нисбат ба он марде, ки ҳамроҳаш менишаст ягон панҷ сол ҷавонтар буд. Баъди «варзиши» саҳнавӣ он чор тан боз сари мизи хеш омаданд. Аз он чи ки марди дар намуд сӣ – сиюпанҷсола наменӯшид кормандони милиса ба хулосае омаданд, ки ӯ сари чанбарак аст. Маҳз ҳамин ҳолат ташвиши зиёдатиеро ба бор овард. Наврӯз Умар берун баромад ва танҳо баъди панҷ дақиқа аз нав вориди тарабхона шуд.
– Бо Воҳид Камол маслиҳатро пазонидам, чун шаби гузашта ҳамаашонро якҷоя дар рӯйи роҳ боздошт хоҳем кард, – гуфт сардори бахш.
Абдумаҷидов сухане ба забон наовард муҳим он буд, ки Алик имшаб ба «Моҷаро» ташриф оварда буд, рафту ӯ намеомад, ки медонад боз чанд рӯзу шаб давутози онҳо давом мекард.

пешина
аз 515
навбатӣ