Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳоло ҳамин хел гӯй, – гӯён Хоҷа Додхоҳ аспро ба болои роҳгузар маҳмез дода, ӯро се – чор қамчин зада, ба роҳаш рафтааст. Дар бозгашт боз ба ҳамон роҳгузар рӯ ба рӯ омадааст ва он марди пиёда аввалин шуда дастҳо пеши бар ба ӯ салом додааст…
– Сад зориро садқаи як зӯрӣ кунад, қариб ки бо овози нимшунаво бигуфт Абдумаҷидов бехабар аз он ки Рухсора аз самти дигар то ба пушти курсии вай омадааст.
– Нафаҳмидам, чи хел зорӣ…
Абдумаҷидов ба самти овоз нигариста Рухсораро дида гуфт:
–Бону омаданатро ҳам пай набурдам.
– Гуфтӣ ки сад зориро…?
– Ҳа, суханони бобоямро дар бораи Хоҷа Додхоҳ ба ёд овардам.
– Хӯрок биёрам?
– Ҳоло ба ин ҷо Наврӯз Умар омаданист, шояд боз каме сабр намоем.
– Ихтиёрат.
– Як қутти «Кайҳон» меовардед хуб мешуд, фақат ба бармен гӯед, ки барои вай мизоҷ.
– Бе ин ҳам он қуттии «Кайҳон»–ро меорам.
– Беҳтар мешуд, ки ҳамин гапи маро ба гӯши шеф мерасондӣ.
– Хуб шудааст, – гӯён боз пешхизмат ба тарафи бар рафт…
Ғуфрон Саид ягон маротиба зираку ҳушёр (хабаркаш дар назар аст) буд ё не Абдумаҷидов намедонист, вале баробари гирифтани он қуттии тамоку ба хулосае омад, ки бармен аз ин чашма ҳам об нӯшидагӣ барин. Баробари гирифтани қуттии «Кайҳон» ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ пешхизматро барои овардани таом фиристод ва худ қуттиро кушод, ки дар сарпӯши он аз дохил чунин навиштаҷот буд: – аз худат «Р» – З осмон.
Абдумаҷидов тамоку даргиронда ба курсӣ такя намуд ва ба тарафи рост оҳиста назар кард. Дар курсии сеюм аз ҷойи исти вай нафаре бо либосҳои кабуд пушт ба тарафи вай менишаст. Дар сари миз боз як марди тахминан сӣ – сиюпанҷсола бо либосҳои сиёҳ ва ду духтараки тахминан бист– бистудусола сари суҳбат буданд.

пешина
аз 515
навбатӣ