Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин бора ӯ ҳангоми ташрифи аввалааш бо бармен маслиҳат намуда буд. Маълум, ки Алик дар тарабхона аст.
– Он кас гуфтанд, ки бе дархости мизоҷ намедонад, баҳратон чӣ фиристад.
– Ташаккур, ман ягон фикр мекунам, шояд ба ман барои фикр намудан ягон даҳ дақиқа вақт диҳед.
– Албатта.
– Абдумаҷидов баҳри соя наафкандан ба рӯйи бармен наметавонист ба пеши Ғуфрон Саид равад. Охир чунин амал на танҳо ба болои Ғуфрон Саид, балки ба болои худи тарабхона низ соя афканданаш мумкин буд. Абдумаҷидов ба Наврӯз Умар занг зада бо суханони рамзи ӯро огоҳ намуд, ки объект дар тарабхона аст.
– Интизор шавед, ҳозир расида меоям.
– Бандаро ба ҷуз интизорӣ дигар роҳе нест,– гӯён Абдумаҷидов алоқаро қатъ намуд.
Ҳамагӣ чанд соат пештар ӯ бо шефи «Моҷаро» сари баҳс қарор дошт.
Дар ин суҳбати на чандон тулонӣ ба вай муяссар шуд, ки хоҷаро ба ғулом табдил диҳад. Саломи боадабонаи бармен ва аз ҳузури Алик хабари рамзии вай ҳам натиҷаи ҳамон баҳс буд.
Сад зориро садқаи як зӯрӣ кунад мегуфт бобояш. Абудмаҷидов ҳамон нақли Хоҷа Додхоҳи Дарвозиро борҳо аз забони бобояш шунида буд, ки матлабаш чунин аст.
Хоҷа Додхоҳ аспсавор аз роҳе мегузашт мардеро дидаааст, ки пиёда аз тарафи муқобил ба сӯйи ӯ меояд. Хоҷа Додхоҳ аз рӯйи таомули савор ба пиёда бояд салом диҳад амал намуда, даст пеши бар гирифта, ба он мард салом додаст. Чун он мард ба саломи ӯ алейк нагирифтааст Хоҷа Додхоҳ аспро боз дошта қафо баргаштааст ва аз роҳгузар сабаби саломро алейк нагирифтаанашро пурсон шудааст.
– Чаро ман ба саломат алейк мегирифтам, дар ҳоле, ки ман на аз ту метарсам ва на шафоате аз ту дидаам, гуфтааст марди роҳгузар.

пешина
аз 515
навбатӣ