Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Соатҳои 1710 баъди бенатиҷа анҷом ёфтани ташрифи Абдумаҷидов ба тарабхонаи «Моҷаро» муфаттиши прокуратура бо ӯ тариқи телефони мобилӣ дар тамос шуда маслиҳати ҳамчун далели шайъи гирифтани он ду ҷомадони аз Русия овардаашро намуд. Чун масъалаи мазкурро ба таъхир андохтан мумкин набуд Абдумаҷидов ба муфаттиш баъзе маслиҳатҳо дода, худ дар ҷойи таъиннамудаи сарвари гурӯҳи тафтишотӣ интизори омадани автомашина шуд. Соати 1740 дақиқа муфаттиш Абдумаҷидовро ба автомашинаи хизматии Ҳошим Бобохон шинонда, аз қафои автомашинаҳои милиса, ки ҳарду гумонбаршударо ба ҷойи пинҳон намудани ҷомадонҳои аз Руссия овардаашон мебурд, раҳсипор шуд.
Автомашинаҳо дар кӯчаи Назаршоев дар назди иморати якошёнае бозистоданд. Чун онҳо вориди ҳавлӣ шуданд фаҳмиданд, ки дар он маҳалла ҳавлиеро бесоҳибтару бенавотар ёфтан ба гумон. Худи Зафар Аббос дар ҳузури холисон аз хоначаи дар як гӯшаи ҳавлӣ буда, ки замоне саг онҷо аз гармою сармо сари хеш паноҳ мекардааст ва акнун ба бинои нодаркоре табдил ёфта будааст аз таги хасу хошок он ду ҷомадонро, ки ҳазорҳо фарсах роҳро паймуда буданд кашида баровард…
… 70 …
Ба дерии вақт нигоҳ накарда Абдумаҷидов боз ба «Моҷаро» омад. Ин ташрифи дуюми ӯ дар давоми рӯз ба «Моҷаро», ба тарабхонаи чун номаш саропо асрори ниҳон буд.
Соҳиби тарабхона, ки то ҳанӯз мӯйлабашро табар намебурид аз дур ҳам бошад дастҳо пеши бар ба сӯяш таъзими маънидоре намуд. Пешхизматдухтар ба пешвозаш омад ва ӯро ба байни толор бурд. Ҳарчанд ӯ бо Рухсора шиноси наздик буд, вале ба мақсади ғуборе ба домони вай наафтонидан муносибати наздики хешро ошкор кардан нахост.
– Чӣ мефармоянд? – пурсид пешхизмат.
– Пеш аз ҳама ба назди шеф рав то ӯ баҳри банда чӣ мефиристад.
– Хуб шудааст, – гӯён Рухсора ба тарафи бар рафт ва лаҳзае пас бо дасти хушку холӣ баргашт. Бечора пешхизмат аз куҷо медонист, ки ин парол аст, пароле аз ҳузури шахси меҷӯстагиаш дар тарабхона.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо