Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Кам нафароне ёфт мешаванд, ки муваффақиятҳои кори хешро бо дигарон тақсим намудан хоҳанд, мефаҳмед?
– Фурӯғ сар ба зер афканда хомӯш шуд. Дигар ӯ чи ҳам мегуфт, модоме ки худи Воҳид Камол ва Ҳошим Бобохон рафтори Абдумаҷидовро дар ғайбаш рафтори ҷавонмардона номиданд.
Пурсиши Собиров худ як дастуре баҳри муфаттиш гашт ва дар замоне, ки Абдумаҷидов ба ҷустуҷӯи қотили дигар Алик бархест Фурӯғи Шариф дар бинои прокуратура дар дафтари кории хеш ба пурсиши наҳанги аслии амалиёт Зафар Аббос ё худ Биҷо бархост…
Аз лаҳзаи аввали пурсиши дуюм Зафар Аббос шикасти ногузири хешро дар назди ин духтараки резапайкар дарк намуд.
Ҳамаи инро сабаб он буд, ки муфаттиш ин даъфа бо яроқе муҷаҳҳаз (протоколи пурсиши гумонбаруда Собиров дар назар аст) буд, ки худи наҳанг бо ҳама тайёриаш дар муқобили он истодагари карда натавонист ва ҳамаи он норасоигие, ки дар рафти пурсиши Собиров рух дода буд Зафар Аббос барои гуноҳи хешро андаке ҳам бошад кам намудан рӯйи лисон овард.
Ҳамдилии Зафар Аббос бо тафтишот ин натиҷаи бедорхобиҳои ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдумаҷидов буд ва ҳамаи инро Фурӯғи Шариф нағз мефаҳмид…
Баҳри аз байн бардоштани ҳолатҳои мухталиф дар нишондоди ду гумонбаршудаи асосӣ дар нимаи дуюми рӯз муфаттиш онҳоро рӯ ба рӯ намуд…
Рафтори ин ду дӯст бар хилофи баҳси субҳгоҳии муфаттиши прокуратура ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ буд. Агарчи ин субҳ Абдумаҷидов мехост, ки дастовардҳои хешро бо муфаттиш якҷоя бубинад дар вохӯрии байни Зафар Аббос ва Собиров ҳар кадоме мехост, ки худро мусичаи бегуноҳ нишон диҳаду дигареро сарвари ин амалиётҳои ҷинояткорона ба қалам диҳад.
Фурӯғи Шариф худ шоҳиди ҳол буд, ки ҳар кадоме аз ин ду нафари бо вай сари суҳбат қарордошта мехостанд гулуи якдигар бидаранд ва ё якдигарро дар хоку хун оғӯшта бубинанд.

пешина
аз 515
навбатӣ