Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бунафша ҳам яке аз аъзоёни фаъоли гурӯҳи ҷинояткор аст ва аз ҷазо ӯро роҳи гурез нест.
– Не, Бунафша гуноҳ надорад, ӯ аз ҳодисаи мазкур ба арзиши панҷ танга ҳам манфиат надидааст, мефаҳмед?
– Ин барои вайро бегуноҳ эътироф намудан асос шуда наметавонад.
– Охир Бунафша намехост, ки падари тифли ӯро пеш аз тӯй ба маҳбас кашанд.
– Яъне ки ӯ дар батнаш тифл дорад?
– Ҳа.
– Падару модараш аз ин ҳодиса бохабаранд?
– Не.
– Шумо на ин ки ба пойи хеш, балки ба пои духтаре, ки нангу номусашро баҳратон арзонӣ доштааст низ теша задед.
Марҳамат акнун протоколро хонда ба он имзо гузоред…

… 69 …

Муфаттиши прокуратура, ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюм аввалин касе буд, ки ба протоколи пурсиши гумонбаршуда Собиров Фаррух Аъзамович шинос шуд. Абдумаҷидов ҳатто протоколи пурсиши гумонбаршударо аз номи худи муфаттиш тартиб дода буд. Ба таври дигар гӯем онҳо ҳарду якҷоя дар ин пурсиш ба қавле саҳм гузошта буданд. Ҳарчанд Фурӯғ ба чунин амал зид баромад, вале худи Абдумаҷидов ду пойро дар як мӯза андохта собит намуданӣ шуд, ки қувваи мушт дар мутаҳидии ангуштон аст.
Дили муфаттиш ба ин ҳам ором нашуд ва сарвари ШКД ва ҳамчунин Ҳошим Бобохонро бовар кунонданӣ шуд, ки ӯ заррае дар кушодани ин ҷиноят саҳм надорад ва ҳар он чи ки дар протоколи пурсиши гумонбаршуда Собиров омадааст ин хизмати бевоситаи Акбар Ҳакимович аст.
– Боке нест, – гуфт Воҳид Камол муҳим он ки шумо натиҷаи дилхоҳе ба даст овардаед. Ҳошим Бобохон низ нисбат ба якравиҳои шогирд эътироз намуда гуфт, ки Абдумаҷидов чун мард рафтор намудааст.
– Чӣ хел? – ҳайрон шуда пурсид муфаттиш.

пешина
аз 515
навбатӣ