Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Дар «Моҷаро» ӯро наҷӯстед?
– Баъди ин ҳодиса ман маҷбур шудам, ки Зафар Аббосро бо Ғуфрон Саид шинос намоям. Бармен ваъда дод, ки баробари пайдо шудани Алик ӯ моро огоҳ хоҳад кард, вале то кунун аз Алик на пай ҳасту на ҳайдар.
– Соро Азимоваро ба ин кор чӣ тавр ҷалб намудед?
– Тариқи Бунафша.
– Чӣ тавр ба Бунафша муяссар шудааст, ки дугонаашро ба ҷиноят намудан розӣ кунонад?
– Намедонам. Мо сараввал ба ӯ тарики Бунафша панҷ ҳазор доллари амрикоӣ додем ва боз худи вай тариққи Бунафша ду ҳазор доллари дигар пурсид, ки мо талаботашро қонеъ намудем.
– Ман фаҳмидан мехостам, ки он пулҳои ба яғмо овардаатон чӣ қадар буданд?
– Панҷоҳ миллион рубли русӣ ё худ якуним миллион доллар…
– Бунафша аз ин додугирифти шумо чӣ нафъе дид?
– Ӯ қариб, ки ҳеҷ нафъе надид.
– Бе пул дар ин замона писар ба падар об намедиҳад, чӣ тавр метавонад бе ягон манфиат шахс худашро дар ҷинояти вазнин пойбанд намояд?
– Ӯ ҳамаи корро ба хотири ман анҷом дод.
– Магар ӯ назди худат ягон уҳдадорие дорад?
– Не, вале ҳастанд ҳолатҳое, ки моро бо ҳам пайваста.
– Муҳаббатро дар назар доред?
– Муҳаббат ҳаст ва боз…
– Чаро хомӯш шудед гап занед вагарна банда гумон мекунам, ки шумо ба тафтишот ёрӣ додан намехоҳед.
– Магар аз муҳаббати ману Бунафша ба тафтишот зиён расиданаш мумкин аст?
– Мо бояд фаҳмем, ки ба кадом хотир Бунафша дастони хешро олудаи хун намуданӣ шудааст.
– Охир Бунафша на касеро куштааст ва на қасди ҷони касе намуда.
– Ин танҳо аз нигоҳи шумо.
– Аз нигоҳи шумо чӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо