Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Пас вохӯрии шумо чи хел шуд?
– Ман бо баҳонаи оташ гирондани тамоку ба назди вай рафтам ва оҳиста ба вай фаҳмондам, ки бо ӯ гуфтание дорам.
– Ӯ чӣ гуфт?
– Вай аз ҳамон духтарак маъзарат пурсида хоҳиш намуд, ки лаҳзае моро ба ҳоли хеш танҳо гузорад.
– Духтар розӣ шуд?
– Розӣ шуд ё не ман нафаҳмидам, вале муқобилият накарда, аз ҷой бархест. Тайи понздаҳ дақиқа ман ӯро розӣ, намудам, ки, бояд ба ивази бист ҳазор доллар тирро дар қафаси синаи нафаре ҷо намояд.
– Ному насабаш.
– Ӯ худро Алик гуфта муаррифӣ намуд.
– Давом диҳед.
– Субҳи фардояш мо дар боғи Марказӣ вохӯрдем ва ҳолатҳои корро тарҳрезӣ намудем.
– Дар амалиёти дуюм шумо чӣ нақша доштед?
– Чун мо ҷойи зисти Боҳир Қаюмро медонистем, банда дар набудани вай бо баҳонаи корманди газ ба манзилаш ташриф овардам ва муайян намудам, ки телефон ба ҷои пушти дари даромадгоҳ дар ошхона гузошта шудааст. Газро бошад соҳибхона ба балкон бароварда буд. Умуман тарҳи ошхона ва балконро дӯсти банда бо хоси хеш бар хилофи қоидаҳои шаҳрдорӣ тамрин намуда буд. Чун аз он манзил берун омадам, фикри хешро ба Зафар Аббос ва баъди муҳокима бо киллери навбатӣ ё худ Алик пешниҳод намудам. Аз рӯйи нақшаи пешакӣ бояд Алик дар боми хонаи муқобил ҷо ба ҷо мешуд. Соати 0218 дақиқа Зафар Аббос, ки дар як вақт вазифаи ронандаро ба дӯш гирифта буд, ба хонаи Боҳир Қаюм занг мезад. Банда бошад бояд бехатарии киллерро ба дӯш мегирифтам…
– Аликро чӣ хел ёфтан мумкин?
– Намедонам.
– Дигар ӯро надидед?
– Не, ӯ ҳатто барои гирифтани қисми дуюми ҳиссаи худ наомад.
– Чаро?
– Ба фикрам фаҳмида буд, ки тираш хок хӯрд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо