Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар чунин ҳолат худи Санҷоб кори моро осон мекард.
Ду рӯз пас мо хабар ёфтем, ки дӯсти ман Боҳир Қаюм ишқварзӣ намуда гаштааст. Аз ин ҳодиса бандаро худи Зафар Аббос огоҳ намуд ва ҳатто дар шиксти амалиёти аввала гунаҳкор намуд.
Ман аслан ба қавле аз милиса дида аз худи Зафар Аббос хавфи бештаре доштам.
– Чаро?
– Чунки ҳамаи пул дар дасти вай аст ва аҷиб набуд, ки баъди ҳисобу китобашро бо Боҳир Қаюм баробар намудан қасд ба ҷони худи ман накунад.
– Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда худат чорае наандешидӣ?
– Бо ӯ чӣ чора меандешӣ? Ба замин ин ман намедонам вайро чи фикру хаёле дар сар буд.
– Ба суоли банда дар бораи чи тавр бори дуюм қасд ба ҷони Боҳир Қаюм намудед сухане нагуфтед?
– Ман ҳамин тарафи масъаларо ба хотир оварда истодаам.
Зафар Аббос шикасти амалиёти авваларо ба дӯши банда гузошт ва боз ман аз паи ёфтани киллери дуюм шудам.
– Давом диҳед.
– Ман боз ба назди Ғуфрон Саид рафтам.
– Ғуфрон Саид о, ин ҳамон бармен ва шефи ягонаи «Моҷаро». Рухсора дар бораи вай бандаро огоҳ намуда буд, ки ҳаргиз бо чунин фард орзуи вохӯрдан накунам, чунки тамоми ёру дӯстони вай бо олами ғайб (маҳбасхона дар назаранд) алоқаи бевосита доранд ва як ишораи бармен кофист, ки кас ба чанголи наҳанг (киллерҳо дар назааранд) афтад аз дил гузаронд ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ва бо овози шунаво пурсид:
– Ғуфрон Саид кист?
– Бармени тарабхонаи «Моҷаро».
– Пас чӣ шуд?
– Ӯ ба ман нафареро ки паҳлуи тирезаи тарабхона ҳамроҳи духтараке сари суҳбат қарор дошт нишон дод.
– Он кас худаш ягон ҳаракате дар шиносоии шумо намуд ё не?
– Не. Гуфт, ки бо ҳамон шахс гуфтугӯ намо.
– Ному насабашро ҳам нагуфт?
– Не.

пешина
аз 515
навбатӣ