Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳа. Охир ман аз куҷо медонистам, ки он таппонча тир надорад.
– Рафту агар вай дасташро ба тарафи он бино рост намекард чӣ?
– Дар он сурат ҳам ман вайро нест мекардам.
– Чӣ хел?
– Бо ҳамин роҳ.
– Набошад чӣ лозим ин ҷаҳду талошҳое, ки гӯё шумо нафареро аз чанголи марг халос намудед.
– Ман алакай гуфтам, ки ҳамин амали яклаҳзаина ва беандешонаи Санҷоб бандаро шердил намуд, вагарна ба гумон буд, ки ман ҳатто аз уҳдаи супориши Зафар Аббос бароям.
Шуморо – ку намедонам – вале ман алакай монда шудам, шояд ҳаминаш кифоя бошад.
– Ман бояд ба ҳамаи суолҳои хеш ҷавоб гирам.
– Чи илоҷ бандаро роҳи саркашӣ аз суолҳои шумо нест.
– Ман донистан мехостам, ки шумо маротибаи дуюм чӣ тавр ба ҷони Боҳир Қаюм қасд намудед. Ном ва насаби киллери дуюм.
– Чихеле гуфтам, мо ҳатто нафаҳмидем, ки чӣ тавр дар хуни ду нафар даст задем. Аз он чи ки касе пешакӣ пишаки моро пишт нагуфт, ба хулосае омадем, ки то кунун дӯсти ман, ки дар Новокузнетский ба банда визиткаашро бо ҳама кординатҳояш дода буд, ҳанӯз аз мо домангир нест. Ман ҳамин фикри хешро ба Зафар Аббос, ки аслан сарвари амалиёт буд, иброз намудам ва хоҳиши аз чунин амал даст кашиданро намудам. Чун Зафар Аббос марди рӯзгордида аст, маро бовар кунонд, ки тезии корд дар нуги корд аст, яъне агар мо ҳарчи тезтар баҳри бартараф намудани шоҳиди ягона, ки бо як нигоҳаш қалбамонро шикофта буд, чора наандешем мо осудагиро ба тамом аз даст хоҳем дод.
– Оё андеша накардед, ки чунин баҳо ба ивази як нигоҳ гарон аст?
– Гуфтам – ку моро роҳи дигар набуд, нигоҳи ӯ аслан ба ҳама баҳо меарзид ва моро ба ҷуз халосӣ аз вай роҳе намонда буд. Рафту агар мо мефаҳмидем, ки Санҷоб тирро дар қафаси синаи дигар кас ҷо намудааст, ҳаргиз қасди ҷони вай намекардем.

пешина
аз 515
навбатӣ