Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Пас чӣ шуд?
– Ман ба поён давидам ва чун дидам, ки сари Санҷоб ба девори бетонӣ расидаву гарданаш шикаста, таппончаи дар паҳлӯяш афтидаро бардоштам ва кисаҳояшро таку рӯ намудам.
Дар кисааш як гилзаи холӣ ёфтам…
– Таппонча ва гилзаро куҷо намудед?
– Таппончаро ба ҳамон латапорае, ки аз ҷайби Санҷоб ёфтам, печонида ба қубури таги оҳанпораҳои пеши ҳамон бинои нотамом пинҳон намудам.
Симе, ки ба воситаи он таппончаро ба дарунтари қубур тела додам дар тарафи муқобил аз самти роҳи калон паҳлӯи девори бетонӣ партофтам.
– Гилзаи холиро куҷо намудед?
– Онро ба даруни гулҳои хазоншудаи сари роҳ партофтам.
– Ҷойи онро нишон дода метавонед?
– Аз таппончаро?
– Не, аз гилзаро.
– Албатта.
– Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро шумо таппончаро бо худ нагирифтед?
– Сараввал барои он ки таппонча тир надошт ва дуюм барои он ки вай навъи хориҷӣ буд. Таппончаи бетир аз оҳани фарсудае беш нест ва ба замми ин шабона таваҷҷӯҳи кормандони милиса нисбат ба мардуми шабгард бештар аст. Ман таваккал намудан нахостам.
– О, шумо гуфтед, ки Санҷоб нияти касеро парронданд дошт?
– Ман ягон сухане аз дидаҳои хеш беш нагуфтам. Шумо метавонед ҳамин гуфтаҳои бандаро низ ҳангоми пурсидани истиқоматкунандагони бинои рӯ ба рӯ муайян намоед. Чун дасти Санҷоб бо самти ҳамон бино рост буд ман гумон мекунам, ки ӯ нафареро дар ҳамон қабати бинои муқобил ба нишон гирифта буд.
– Дар қабати сеюм?
– Ҳа.
– Яъне шумо гуфтан мехоҳед, ки ҷинояти дигареро пешгирӣ намудаед?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо