Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба хотири он ду лимон ӯро ҳам аз қафои сайдаш ба ҷаҳанам фиристодед?
– Ин амри боло буд.
– Боло гуфта киро дар назар доред?
– Зафар Аббосро.
– Ҳодиса чӣ хел рух дод?
– Соатҳои 19 шоми 7–уми январ бо амри Зафар Аббос мо ба ҳамон бинои нӯҳошёнаи кӯчаи Сулҳ рафтем. Аз рӯйи маълумотҳои ба дастовардамон Боҳир Қаюм он бегоҳ бо автомашинаи «Мерседес 600» бояд маҳбубаашро меовард. Дар ин бора ману Зафар Аббос чандин шаб ӯро то ба он ҷо гусел намудем ва реҷаи рафтуомадашро аз худ намуда будем. Чӣ хеле гуфтам соатҳои 1830 дақиқа ман аз Зафар Аббос супориш гирифтам, ки омодаи қабули меҳмон бошам. Худи ҳамон лаҳза ман ба Санҷоб занг зада, ба ӯ суроғаи қабули меҳмонро гуфтам.
Баъди ним соат ӯ ба ошёнаи сеюми бинои нӯҳошёна омад. Расми Боҳир Қаюмро як рӯз пештар ман бо вай нишон дода будам.
Соати 2015 дақиқа Зафар аз пеши тарабхонаи «Бону» занг зада хабар дод, ки омодаи қабули меҳмон бошем, чунки ў ба самти мо ҳаракат дорад. Баъди ҳаждаҳ дақиқа автомашинаи «Мерседес 600» дар рӯ ба рӯйи бинои ҳаштошёна қарор гирифт.
Лаҳзае пас ронанда аз автомашина берун омада ба тарафи рост гузашта дарро ба рӯйи маҳбубааш кушод ва баъди хайрухуш аз қисми пеши автомашина гузаштанӣ шуд. Дар ҳамин асно Санҷоб тирро ба синаи ӯ ҷо намуд.
– Худат бошӣ вайро ба поён тела додӣ?
– Ҳарчанд супориш аз боло буд, боз дар ҳамон лаҳза ҳодисае рух дод, ғайричашмошт.
– Чи хел ҳодиса?
– Санҷоб таппончаро дар ҳамон самте, ки қарор дошт ба сӯйи тирезаи рӯ ба рӯяш рост намуд ва ман гумон намудам, ки ӯ хуни нафари бегуноҳеро низ ба гардани мо бор карданист.
Маҳз ҳамин ҳолат бандаро водор намуд, ки чорае андешам ва бо он чӯби дарозе, ки як шаб пештар ман ҳамроҳи Зафар Аббос ба ошёнаи сеюм ба мақсади аз байн бардоштани киллер бароварда будем, бо тамоми қувва ба шонаи ӯ задам. Чун ӯ дар лаби тиреза қарор дошт мувозинаташро гум намуда ба поён рафт…

пешина
аз 515
навбатӣ