Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Тахминан дар километри панҷуми роҳи автомобилгарди Новокузнетский Новосёль автомашинаро Галиев аз роҳ баровард ва мо ба дарунтари ҷангал ҳаракат намудем. Галиев мехост пулҳоро то як вақти муайяне дар ҷангал пинҳон намоем, вале дар ҳамин асно Зафар Аббос бо оҳани дар дасташ буда ногаҳон ба сари Галиев зад. Ӯ гуфт, ки Галиев нияти моро фиреб кардан дорад ва мо он ҷомадонҳои пулро аз бордони автомашина берун овардему автомашинаро оташ задем…
Баъди ягон дусад, дусаду панҷоҳ метр ҳамин ҳамдиёрамон Боҳир Қаюмро дидем, ки дар ҳамон субҳи содиқ ба давидан машғул аст…
– Вақте ки автомашинаро оташ задед Ренат Галиев зинда буд ё не?
– Намедонам. Зафар бо оҳани дар дасташ буда ҳамагӣ як бор ба сари Галиев зад ва сипас мо автомашинаро оташ задем…
– Пулҳои ғорат намудаатон дар куҷоанд?
– Пулҳо дар дасти Зафар Аббос.
– Аслан дар амалиёти аз байн бардоштани Боҳир Қаюм нақши шумо чӣ буд?
– Баъди бозгашт ба Ватан Зафар бандаро бовар кунонид, ки то мо аз ҳамон шоҳиди ҳамдиёрамон халос нашавем, осуда нафас кашида наметавонем ва барои аз байн бардоштани ӯ аз хазинаи умумӣ сӣ ҳазор доллар ё чӣ хеле ки мо байни хеш мегуфтем се лимон ҷудо намудем…
– Киллерро чӣ хел пайдо намудед?
– Ман огоҳӣ доштам, ки ёфтани ҳама намуди яроқ ва ё асбобу анҷоми ғайриқонунӣ ҷойи муайян дорад. Ба ҳамин хотир ба тарабхонаи «Моҷаро» рафтам. Қариб се – чор рӯз ва ниҳоят дар ҳамон ҷо бо нафаре, ки Санҷоб тахалусаш будааст вохӯрдам. Сипас, дар бораи ӯ маълумот гирифтам, ки терористи гузарост ва барои пул шуда аз ягон пастию палидӣ рӯй нахоҳад гардонид. Шаби дуюми вохӯрӣ бо Санҷоб ман рози диламро ифшо намудам. Гуфт, ки ба ивази се лимон розӣ ҳаст, ки моро дастгирӣ намояд. Як лимонро ба ӯ аванс дода, ваъда намудам, ки ду лимони дигарашро баъди анҷоми амалиёт хоҳад гирифт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо