Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Чаро?
– Чунки маро ба рафти амалиёте огоҳ намуданд, ки ҳар он ки даст аз он мекашад бояд даст аз ҷонаш шӯяд, ман дуруст фикри хешро байён намуда истодаам?
– Ҳа, дуруст.
– Зафар Аббос дудилагии маро дида гуфт, ки тарсидан лозим нест, чунки худи ронандаи автомашинаи инкасаторӣ бо мо ҳамроҳ аст ва қариб, ки ҳаштод фоизи корро ӯ худаш ба дӯш мегирад. Не, ман намехостам, вале аз беақлию беандешагии хеш худро ба доми бало андохтам.
Соати 17–и рӯзи 20 декабр бо ёрии ронанда Ренат Галиев, ки аз Новосибирск ба Новокузнетский барои кадом як бонки саҳомии сохтмонӣ маблағи калони пулӣ меовард мо автомашинаи инкасаториро ғорат намудем…
Вақте ки мо рӯйи роҳ баромадем худи Галиев бо ҳамроҳи дар паҳлӯяш буда, ки мехост муқобилият нишон диҳад ҳисобашро баробар кард.
– Чи хел?
– Чун ҷойи вохӯрӣ пешакӣ муайян карда шуда буд, ҳамроҳи Ренат ҳатто имконияти баровардани таппончаро наёфта, ҳадафи тири ронанда қарор гирифт ва ману Зафар ба автомашинаи инкасаторӣ нишастем. Кор чунин тез сурат гирифт, ки ҳатто ягон автомашинаи роҳгузар ҳам пайхас нашуд. Баъди паймудани се – чор километри дигар мо дар паҳлӯи автомашинаи «Москвич 412», ки автомашинаи шахсии Ренат буд, таваққуф намудему он ду сумка аниқтараш ҷомадони пулро гирифта, ба Москвич бор намудем. Автомашинаи инкасаториро ба дарунтари ҷангал бурда оташ задем ва сипас бо автомашинаи Москвич ба шаҳр омадем. Дар наздикиҳои шаҳр мо аз автомашинаи мазкур фаромада, ба таксие нишастем. Бо амри Зафар ва Ренат сумкаҳои пулро ман бурда, дар сарои бесоҳибе, ки Галиев ёфта буд пинҳон намудам. Тайи ин муддат Ренат ҳам аз аҳли оилааш ва ҳам аз милиса паноҳ бурд. Мувофиқи маслиҳати пешакӣ мо ҳар се соати панҷи субҳи 22 декабр дар рӯ ба рӯйи заводи металургӣ вохӯрдем. Галиев савори автомашинаи Жигули будааст ва мо ҳар се якҷоя ба ҳамон сараи бесоҳибмонда рафта, ҷомадонҳоро ба автомашинаи овардаи Ренат бор намуда, ба ҷойи бехавфтаре онҳоро бурда пинҳон карданӣ шудем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо