Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ин сухани хушку холӣ нест ана дар қонун ҳам ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷиноят ҳаст, – гӯён Абдумаҷидов Кодекси ҷиноятии ҷумҳуриро пеши Собиров гузошт.
– Нисбат ба ҷиноятҳои дар хориҷи кишвар содирнамудаамон чӣ мешавад?
– Ҳоло чизе гуфта наметавонам, рафти тафтишот ҳамаашро муайян хоҳад кард.
– Набошад ман тайёрам ба суолҳои шумо ҷавоб гӯям.
– Донистан мехостам, ки бо кадом сабаб шумо қасди ҷони Боҳир Қаюм намудед? Боҳир Қаюм ин ҳамон шахсест, ки соате пештар ман расмашро ба шумо нишон додам.
– Ин қиссаи дарозест. То имшаб андешаи ман дар ин бора дигар буд, вале акнун гумон мекунам, ки мо баҳри нафаре чоҳ кандем ва худ ба он чоҳи кандаи хеш афтидем.
– Муффассалтар гап занед.
– Оғози ин ҳодисаро ҳазорон фарсах роҳ дур аз ин диёру ин сарзамин ҷӯстан лозим аст.
– Мо инро алакай медонем, ки ҳодисаи мазкур аз ҷангалзори байни Новосёль ва Новокузнетский сарчашма гирифтааст.
– Дар охири моҳи майи соли гузашта банда ба ҷустуҷӯи кор ба Руссия рафтам. Чандин шаҳрҳои Руссияро ба қавле аз сару бар қадам задам ва дар аввалҳои моҳи август ба Новокузнетский рафтам. Дар он ҷо дар хонаи пиразане, дар кӯчаи академик Келдиш иҷоранишин шудам. Дар охири август ба Ватан баргаштам ва дар нимаи дуюми моҳи октябр як автомашинаи Камазро анор бор карда ба Новокузнетский рафтам. Борро бо мадади Зафар Аббос ки дар бозорҳои минтақаи Сибир нуфузи калоне доштааст тайи як ҳафта обу лой намудам. Маҳз ҳамин бор маро бо Зафар Аббос наздик намуд. Дар нимаи аввали моҳи декабр ӯ бандаро ба назди хеш хонда гуфт, ки Фаррух як кор ҳаст, агар розӣ шавӣ онро якҷоя ҳал намоем. Ман аз таги гап огоҳ нагашта розиги хешро додам, чунки агар Зафар Аббос намешуд он Камази анори маро дар Сибир сармо мезад. Ба фикрам шумо маро мефаҳмед?
– Албатта. Давом диҳед.
Сипас Зафар Аббос бандаро ба рафти воқеаҳо огоҳ намуд ва ман ба хулосае омадам, ки дигар роҳи бозгашт нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо