Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Шуморо гӯш мекунам.
– Ман мехоҳам, ки ба гуноҳи хеш иқрор шавам.
– Чӣ хел гуноҳ?
– Хоҳиш мекунам маро гӯш кунед.
– Танҳо ба як шарт.
– Ман розӣ, гап занед.
– Пеш аз ҳама ман донистан мехостам, ки он пулҳои бо роҳи роҳзани ба даст овардаатон дар куҷоянд?
– Шумо дар ин бора ҳам хабар доред?
– Албатта. Ман гуфтам – ку касеро бе гуноҳ ба милиса намеоранд..
– Қисме аз он пулҳоро мо сарф намудем, боқимондаашро ман мегӯям дар куҷоянд.
– Беҳтараш ҳозир гӯед.
– Ман омадаам, ки ба гуноҳи хеш иқрор шавам, чун маро гӯш намоед, дар куҷо будани он пулҳоро ҳам хоҳед донист.
– Агар розӣ бошед ман нишондоди шуморо ба ҷуз протоколи пурсиши гумонбаршуда ба лентаи сабти овоз мегирам.
– Ман розӣ.
Абдумаҷидов аз ғалладони мизи кориаш диктафони хурдакакеро берун оварда, онро омодаи кор намуд. Сипас, тугмачаи онро пахш намуда, бо овози бурро пурсид:
– Худро муаррифӣ намоед?
– Собиров Фаррух Аъзамович.
Абдумаҷидов тугмачаи дигареро пахш намуда, лентаро ба қафо тоб дод ва боз ба пеш то бифаҳмад сабти овоз чӣ гуна аст.
Чун ӯ боварии кулӣ ҳосил намуд, ки диктофон барои сабти овоз омода аст, дар бораи ҳуқуқу вазифаҳои гумонбаршуда Собировро огоҳ намуд.
– Ман мехостам, ки ихтиёран ба гуноҳи хеш иқрор шавам.
Явка с повинной мефаҳмед?
– Мутаассифона ин ғайри имкон аст.
– Чаро?
– Чунки шуморо боздошт намуда ба ин ҷо овардаанд, вале банда шуморо бовар мекунонам, ки ба тафтишот ёрӣ додан ин асос барои ҳолатҳои сабуккунандаи кор мегардад.
– Бовар намекунам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо