Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

хело вақт, – аз дил гузаронд майори милиса Абдумаҷидов, вале талаби нафари дар пушти дар бударо ба ёд оварда, аз ҷой бархеста чароғро фурӯзон намуд ва сипас дарро ба рӯйи оне, ки аз номи боздоштшуда Собиров гап мезад кушода гуфт:
– Чӣ ҳодиса рух дод?
– Рафиқ майор он кас мехоҳад, ки арз намояд, – гуфт сержант Раҳимов.
– Кӣ?
– Собиров.
– Чӣ то субҳ сабр карда наметавонад?
– Не, он кас якзайл талаб дорад, ки ӯро ба назди шумо оварем.
– Ҳоло ӯ дар куҷост?
– Дар яке аз ҳуҷраҳои ИВС.
– Чӣ мехостааст?
– Намедонам. Ӯ мехоҳад матлабашро ба шумо гӯяд.
– Модоме, ки то субҳ тоқат карда натавонад, чӣ илоҷ ӯро гирифта биёред, – гӯён Абдумаҷидов дарро ба рӯйи сержант Раҳимов пӯшид ва чун ба сари мизи кориаш омад, боз чашмаш ба ҳамон соати пушти дар бархӯрд.
Ақрабаки соат 447 дақиқаро нишон медод.
– Ба ҳар ҳол ӯ тайи ин як соат сари гуфтаҳои банда хело андеша намудааст. Модоме, ки гуфтание дорад, бигузор омада гӯяд. Ба гумонам дар байни ҳамаи онҳое, ки дар ҷиноят даст доранд Собиров звенои сусттар будааст. Канӣ бинем боз чӣ мешавад, – гӯён Абдумаҷидов ҳам ба ошёнаи якум фаромад.
Ҳанӯз аз зинаҳо ба поён нарафта буд, ки Раҳимов ва Гулов боздоштшуда Собировро дар иҳотаи хеш гирифта боло мебаромаданд.
– Шумо ба куҷо рафиқ майор? – пурсид Раҳимов.
– Ман ҳозир меоям, – гӯён Абдумаҷидов ба поён шитофт.
Ӯ ба ҳавлӣ баромада, дасту рӯй шуст ва сипас боз ба дафтари кориаш баргашт. Бо як ишора васиён Собировро ҳамроҳи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ гузошта дарро аз самти дигар пӯшиданд.
– Хабар гирифтам, ки шумо бо ман сухани гуфтание доред.
– Ҳа, ҳамин хел аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо