Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Нисбат ба кадом шоҳид? – бо рангу рӯйи канда пурсид Собиров.
– Нисбат ба ҳамин марде, ки аксаш дар пешатон истодааст.
Агар фаромӯш намуда бошед, номаш Боҳир Қаюм. Шумо ҳангоми вохӯрӣ дар ошхонаи заводи металлурги шаҳри Новокузнетский худро дӯсти дӯсти губернатор муаррифӣ намуда будед ё ҳаминашро ҳам аз ёд баровардаед.
– Ман дигар бо шумо сухане намегӯям, маро ба ҳоли хеш гузоред!
Абдумаҷидов тугмачаеро зер намуд ва лаҳзае пас Раҳимов ҳамроҳи Гулов вориди дафтари корӣ шуданд.
– Боздоштшуда Собировро гусел намоед, – амр намуд Абдумаҷидов.

… 68 …

Баъди гусели Собиров ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ худ хастагии зиёдеро ҳис намуда, бистарашро аз болои сейфи оҳанин бардошта, болои мизи кориаш, ки шакли «Т»–ро дошт паҳн кард ва пеш аз хомӯш намудани чароғи барқӣ боз як маротиба ба соати калони деворӣ, ки пушти дар меистод нигарист. Ақрабаки соат ба чори субҳ наздик мешуд, вале Абдумаҷидовро аз ин боке набуд. Ӯ чароғро хомӯш намуда, ҷисми хешро болои бистар партофт ва лаҳзае пас хоб ғалаба намуд…
– Рафиқ майор, рафиқ майор гуфтану ба дар ангушт задании касе хоби ӯро нороҳат сохт, вале маҷбур шуд, ки ақалан овоз рушан намоянд:
– Худаш чӣ гап? – ҳанӯз чашмонашро накушода пурсид вай.
– Собиров бо шумо вохӯрдан мехоҳад.
– Чӣ? – гӯён ӯ аз болои бистар нимхез шуд ва бо азобе чашмонашро кушод. Хона дар оғӯши зулмот буд ва ба назараш чунин намуд, ки чашмонаш аз гарду хоки биёбон олуда гашта.
Ӯ бо пушти дасташ чашмонашро каме молиш дода, ба тарафи тиреза нигарист. Берун ҳам торик буд. Маълум, ки то субҳ боз

пешина
аз 515
навбатӣ