Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳеҷ чизро намефаҳмам.
– Гуфтаниед, ки Ренат Равилович Галиевро ҳам намешиносед?
– Намешиносам. Ҳар он чи ки нисбат ба банда дар он ҷо гуфтаанд мутлақо туҳмат аст.
– Чияш туҳмат?
– Ҳамааш, чӣ лозим бандаро қасд ба ҷони касе намудан?
Абдумаҷидов ин даъфа аз ғалладони мизи кориаш расми Боҳир Қаюмро бароварда рӯйи миз, пеши Собиров гузошта гуфт:
– Набошад гӯед, ки оё ин касро мешиносед ва агар шиносед бо ӯ кай ва дар куҷо шинос шудед?
Собиров дар як нигоҳ расми шахси дар пешаш бударо шинохт, вале ба мақсади хешро бой надодан ӯ хело ба акси дар рӯ ба рӯяш истода нигариста ниҳоят гуфт:
– Акси шинос менамояд, вале кай ва дар куҷо ӯро дидаам ба ёд оварда наметавонам. Не, ба ёд оварда наметавонам.
– Ба фикрам дар фаромӯшхотирӣ шумо аз Леонид Илич ҳам гузаронидед.
– Чиро дар назар доред.
– Медонед, як латифаи бисёр хуби русӣ ҳаст.
– Не.
– Брежнёв дар маҷлиси Бюрои сиёсӣ: –Рафиқон! Биёед сари он андеша намоем, ки вақтҳои охир баъзе аъзоёни Бюрои сиёсии КМ КПСС ба касалии фаромӯшхотирӣ гирифтор шудаанд.
Дирӯз дар маросими видоъ бо рафиқ Гречко Брежнёв ба аҳли толор нигариста гуфт:
– Чӣ хеле ки ман вайро надида истодаам...
– Гуфтам – ку ба ёд оварда наметавонам.
– Набошад ба суҳбат хотима мегузорем. Чунки боз ин ҷо ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд гуноҳи хешро сабуктар намоянд. Аз ҷумла бонуи шумо Бунафша ва дугонаи ӯ ҳамшираи шафқати беморхонаи шаҳрӣ Соро Азимова, ки ду соат пеш аз овардани шумо ҳангоми содир намудани ҷиноят дастгир карда шуд. Ҳа, дар воқеъ бори каҷ ба манзил намерасад, гуфтагӣ барин шудааст. Ҳамаи ҷаҳду талошҳои шумо ва Зафари Аббос нисбат ба ҳамон шоҳиде, ки субҳи 22 декабри соли гузашта, дар шоҳроҳи Новокузнетский Новосёл дида будед, бе натиҷа анҷом ёфт.

пешина
аз 515
навбатӣ