Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ё тавба расми Бунафша, чӣ хел ба дасти инҳо афтидааст, охир ин ҳамон расмест, ки банда дар Новокузнетский фаромӯш намуда будам, аз дил гузаронд Собиров ва баҳри тасдиқи фикри хеш расмро чапа намуда, ба навиштаҷоти болояш чашм дӯхт. Ҳар он чи ки дар расм бидид вуҷудашро бисӯхт. Охир, дар дасти ӯ маҳз ҳамон расме меистод, ки ӯ дар хонаи Анастасия Андреевна фаромӯш намуда буд, чӣ тавр расми мазкур дар дасти милисаи ноҳияи Гулистон афтида буд, ӯ намедонист.
Маҳз ҳамин ҳолат боиси нигарониаш гашта буд. Гӯяд, ки намешиносадаш аз ду сар гуноҳашро дайн хоҳанд кард, гӯяд, ки мешиносадаш ин баробари ба пойи хеш теша задан аст, пас чӣ бояд кард? Шояд ҳамин хомӯшӣ алвотар бошад…
– Чаро хомӯш шудед?
– Чӣ гӯям?
– Пеш аз ҳама гӯед, ки ин расми кист ва дар куҷо онро фаромӯш намудаед?
– Ин расми як духтараки шиноси ман. Дар куҷо фаромӯш намуданамро намедонам.
– Ному насабаш?
– Номаш Бунафша, насабашро намедонам.
– Ин расм то ба ин ҷо омадан ҳазорҳо фарсах роҳро паймудааст, шояд акнун ба ёд биёред, ки дар куҷо онро фаромӯш намудаед?
– Ин расм ҳамеша бо ман буд ва ман бошам қариб нисфи шаҳрҳои бузурги Русияро аз сару бар қадам задам. Дар кадом шаҳр фаромӯш намудани онро ба ёд оварда наметавонам.
– Ин расмро пиразане бо номи Анастасия Андреевна ба РКД шаҳри Новокузнетский бурда супурдааст, медонед барои чӣ?
– Не.
– Чунки ӯ расми иҷоранишини хешро, ки милисаи шаҳри Новокузнетский ҷустуҷӯ доштааст шинохтааст, Аминам, ки давоми ин ҳодисаҳоро худатон хоҳед гуфт.
– Ман намефаҳмам, ки чаро маро милисаи шаҳри Новокузнетский ҷустуҷӯ мекардааст, шояд равшантар гап занед.
– Чунки шуморо дар он ҷо дар қатли Галиев Ренат Равилович гумонбаранд.

пешина
аз 515
навбатӣ