Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Гап зан, ки чаро ва барои кадом гуноҳатон шуморо ба ин ҷо оварданд.
– Худам ҳам намедонам, ако.
– Оё гуфтанӣ нестед, ки умуман шуморо бе гуноҳ ба ин ҷо овардаанд?
– Гуфтам – ку барои кадом гуноҳ оварданамро намедонам.
Охир шумо ҳам ба фикрам дар ҳамон тарабхонаи «Моҷаро»
будед ва мо ягон ҳаракати ғайриқонунӣ ҳам содир накардаем.
Моро аз роҳ боздошта оварданд ва барои кадом гуноҳ намедонам.
– Ман аминам, ки бегуноҳ касеро ба ин ҷо намеоранд, аз ин рӯ шуморо огоҳ мекунам, ки ба гуноҳи хеш иқрор шудан ин танҳо ба нафъи худи шумост…
– Аҷиб, ки ин кадом гуноҳҳои моро дар назар дошта бошад. Чаро ба сари мақсад намеояд, ё ягон балоро намедонаду ҳамин хел аз ман гап гирифтанист. Хобатро ба об гӯй то ман нафаҳмам, ки кадом картаҳоеро ту дар даст дорӣ пешдасти нахоҳам кард, – аз дил гузаронд Фаррух Собиров ва бо овози шунаво гуфт: – ман гуноҳе надорам.
– Ин хело бад аст!
– Чӣ хел бад? Ё мехоҳед, ки банда худамро туҳмат намояму гуноҳеро ба гардан гирам?
– Туҳмат чӣ лозим, шумо ҳамон гуноҳҳои содирнамудаатонро ба гардан гиред басанда аст.
– Кадом гуноҳҳо шояд маро бо ман шиносонед, – сар бардошта ба тарафи Абдумаҷидов нигоҳи сарде намуда гуфт Собиров.
– Ба фикрам бандаро ба чунин амал тела доданатон хуб нест.
– Гап занед ман чӣ гуноҳе дорам, ки дар ин нисфи шаб шумо оромам намегузоред. Фардо ман худам шахсан аз рӯйи шумо ба прокуратура арз хоҳам кард. О, ин чӣ бедодӣ. Шумо худ шоҳид будед, ки ман дар тарабхона тартиботи ҷамъиятиро вайрон накардам. Гап занед!
–Вақтҳои охир шумо фаромӯшхотир шудаед, – гӯён Абдумаҷидов аз ғаладони мизи кориаш расми «Фиалка»–ро бароварда пеши Собиров гузошта гуфт: – ин касро мешиносед?

пешина
аз 515
навбатӣ