Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Сардори ШКД ба ронандааш супориш дод, ки муфаттишро то манзили истиқоматиаш маҳаллаи сивудуюм гусел намояд. Автомашинаи милиса ӯро бо суръати тезе ба самти манзилаш мебурд. Дар кӯчаҳо қариб ки пашша пар намезад. Шаб бо тамоми ҳастиаш ҳукмфармои дошт. Мардумон кайҳо дар хоб буданд, то бо қувваи наву тоза рӯзи навро истиқбол гиранд. Фурӯғи Шариф низ ба ҳамин мақсад ба сӯйи манзили хеш ҳаракат дошт…
… 67 …
– Рафиқ майор боздоштшуда Собировро бо амри шумо ҳозир намудем, – ба таври низоми баробари пой бар остонаи дар гузоштанаш гузориш дод сержанти милиса Раҳимов.
– Моро танҳо гузоред!
– Хуб шудааст, – гӯён сержант Раҳимов ҳамроҳи милитсионери қаторӣ Гулов аз дар баромаданд.
– Марҳамат гузаред, – гӯён Абдумаҷидов ба курсие ишора намуда.
Собиров як ба тарафи соҳиби дафтари корӣ, ба тарафи оне, ки дар ин нисфи шаб нияти бо вай суҳбат кардан дорад нигариста, гузашта ба курсӣ нишаст ва нигоҳашро ба фарш духт. Охир, дар рӯ ба рӯи вай ҳамон нафаре меистод, ки аз бари тарабхонаи «Моҷаро» як қутии тамокуи «Кайҳон» гирифта буд ва боз барои ӯ ва рафиқаш пешхизмат омада як шиша коняки армании панҷситорадор бурд…
– Худоё, наход инҳо аз қафои мо буданд. Модоме, ки чунин буд, пас чаро онҳо бо мо дар ҳамон ҷо ҳисобашонро баробар накарданд. Охир, мо ин бегоҳ ҳамроҳи Зафар ба «Моҷаро» баҳри он ташриф овардем, ки баҳри хеш алиби тайёр намоем. Аҷиб, ки дугонаи Бунафша дар кадом ҳолат бошад?
Наход ӯро ҳам чун мо дастгир намуда бошанд?
– Хуш гап занед, овоз рушан кард, – соҳиби дафтари корӣ ҳамон марде, ки лаҳзае пеш сержанти милиса вайро майор ном бурд.
– Чӣ гӯям? – қариб бо овози нимшунаво гуфт боздоштшуда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо