Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ман бисёр мехостам, ки шумо андаке ҳам бошад баҳри сабук намудани гуноҳи хеш кӯшиш ба харҷ диҳед.
– Бандаро барои тавба намудан ҳидоят карданиед?
– Не. Тавба дар он ҳолат назди Худованд пазируфта мешавад, ки бе ягон ҳидоят ё фишор бошад.
– Гоҳ дар мех мезанеду гоҳ дар наъл.
– Ин дар назари худи шумост чунки ботинатон сиёҳ аст.
– Инро аввал собит кардан лозим.
– Душворие дар ин ҷода нест, агар шумо онро хоҳонед.
– Ман розӣ, чунки бисёр мехоҳам шумо маро бо ман шинос намоед.
– Бисёр хуб. Дар ҳамин ҷо мо ба пурсиши шумо чун шахси гумонбаршуда шурӯъ мекунем. Шумо ҳуқуқ доред, ки…
– Шуд, шуд маро ба ҳоли худ гузоред…
– Мо шуморо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои дар боло зикршуда аз ҳамин лаҳза боздошт мекунем. Гумон мекунам тайи он муддате, ки Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ баҳри мо ҷудо намудааст, гуноҳи шуморо дайн хоҳем кард.
– Агар дайн накунед чӣ?
– Осуда бошед, баҳри дайн намудани гуноҳҳои шумо ҷаҳду талошҳои зиёд ҳам лозим нест, – гӯён муфаттиш тугмачаи зангро зер намуд ва он ду милисаи дар пушти дар буда вориди дафтари корӣ шуданд.
– Ин касро ман ба муддати се шабонарӯз боздошт мекунам. Метавонед ӯро гусел намоед.
Сафари Сафар ва Зафари Саидумар боздоштшуда Зафари Аббосро пешандоз намуда бурданд.
Муфаттиш танҳо монд байни чор девори бетонӣ ва андешаҳои бесару нуги хеш. Имшаб аслан кори ӯ омад накард. На аз ҳамшираи шафқат сухане гирифта тавонисту на аз ин марде, ки аз кӯча дошта оварда буданд. Ду талош ду талоши бебарор ду талоши бенатиҷа.
Ақрабаки соат ба як наздик мешуд, вале хоб ҳам чашмони ӯро тарк намуда буд. Фурӯғ қоғазҳои дар пешаш бударо ба ҷузвдони чармин андохта, аз дафтари кории Наврӯз Умар берун шуд…
Дар қисми навбатдории милиса ӯ ба протоколи боздошти гумонбаршудагон имзо гузошту майли ба хона рафтан кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо