Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Марҳамат шинед!
Дастгиршуда, ки ҳанӯз дастонаш паси пушт буданд, шояд ин таклифро як илтифоте нисбат ба худ донист, ки чанд қадам гузошта, ба курси нишаст. Ӯ аз он хурсанд буд, ки ҳанӯз дар ошёнаи якуми бино ҳалқаҳои оҳанинро аз дастонаш кушода буданд.
– Пеш аз оғози суҳбат мехостам худро муаррифӣ мекардед ва мегуфтед, ки чаро нисбат ба дастгир намудан норозиед. Барои ин шумо бояд бегуноҳии хешро собит созед.
– Зафари Аббос. Ба ҷуз он ки аз тарабхона баромадан дигар гуноҳамро намедонам.
– Фаррухро аз куҷо мешиносед?
– Оҳҳо, алакай ҳамаи милиса кӣ будани Фаррухро медонад. Яъне бандаро ҳам тавассути ин лаънатӣ ба нишон гирифтанд. Чӣ лозим буд аз қафои вай хола– хола карда гаштан.
Не, акнун дер шуд, дер, – аз дил гузаронд Зафари Аббос ва бо овози шунаво гуфт:
– Шумо Фаррухро аз куҷо мешиносед?
– Мо бо шумо кайҳо шиносем. Аниқтараш ғоибона шиносем.
– Наход.
– Шумо чӣ гумон намудед, ки дар ин соати дувоздаҳи шаб дар ин сардии зимистон ин ҳама пешвозгириҳо тасодуф буд?
– Моро барои кадом гуноҳамон ба ин ҷо овардаанд?
– Ба фикрам инро шумо аз мо нағзтар медонед.
– Не, ман ҳеҷ чизро намедонам.
– Пас маълум мешавад, ки шумо кутоҳназаред.
– Шаф – шаф нагуфта шафтолу гуфта монед.
– Чӣ илоҷ, модоме, ки худи шумо инро хоҳонед. Мо аслан шуморо дар марги ду тан гумонбарем. Ин ҳанӯз анҷоми кори шумо нест…
– Ба фикрам ҳама ҷиноятҳои чандсолаи милисаро ба гардани мо бор намудан мехоҳед.
– Барои шумо ҳамон ҷиноятҳои содирнамудаатон сару баранд мефаҳмед.
– Кадом ҷиноятҳо, шумо чиҳо гуфта истодаед?

пешина
аз 515
навбатӣ