Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Худаш чӣ гап, ин чӣ бедодӣ, – эътироз намуда гуфт ӯ баробари аз автомашина берун омадан.
– Ҳозир ҳамаашро мефаҳмед, – гуфт марде, ки сари китфонаш се ситораи калон дошту дастгиршуда ба тарафи вай нигариста, эътирозашро баён дошта буд.
– Не, ман ин хел намемонам, ана мебинед, ман то ба прокурори генералӣ арз мекунам.
– Ин ҳуқуқи шумост. Ҳа, дар воқеъ намояндаи прокуратура ҳам ҳамин ҷост, шояд худи ҳозир бо вай суҳбат намоед, – гуфт ҳамон марде, ки дастгиршуда ӯро ба суҳбати хеш хонад буд.
– Майлаш ман розӣ.
– Ин касро ба назди муфаттиши прокуратура баред, амр намуд сарвари ШКД, ки худ ба пешвози дастгиршудагон баромада буд.
Сержант Сафари Сафар ва Зафари Саидумар дастгиршудаеро ки ба қафқозиҳо шабоҳат дошт, то дафтари кории Наврӯз Умар, ки муфаттиши прокуратура менишаст гусел намуданд.
Сафари Сафар вориди дафтари кории сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ шуда, бо овози бурро матлаби боздоштшударо, ки ҳамроҳашон даромада буд байён намуд.
– Шуморо гӯш мекунам, гуфт духтараки резапайкаре, ки сари мизи корӣ дар иҳотаи қоғазҳо буд.
– Ба ман гуфтанд, ки ин ҷо намояндаи прокуратура, вале мебинам, ки онҳо маро масхара намуданд.
– Магар шуморо масхара карда мешавад?
– Ба фикрам ҳамин хел аст.
– Ман гумон мекунам, ки чунин афроде мисли шумо ҳар киро хоҳад фиреб медиҳад.
– Не, ман бо чунин нафаре, ки ба суханонам бовар надорад, суҳбат карда намехоҳам, рози дил намудан бошад он тараф истад.
– Ана курсӣ, марҳамат гузашта шинед. Шумо мехоҳед ё не ба чанд савол ҷавоб гуфтанатон лозим меояд ва ман гумон мекунам, ки танҳо аз сидқи дил тавба намудану ба гуноҳи хеш иқрор шудан заррае ҳам бошад, гуноҳи шахсеро, ки қасд ба ҷони дигаре намудааст, сабук хоҳад кард.
– Яъне, ки аз ман гумонбаред?

пешина
аз 515
навбатӣ