Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Шведсар таксӣ, – ба тарафи марди дарбон нигариста амр дод Фаррух.
– Ман шведсар не, ман адмирал, мефаҳмӣ, адмирал!?
– Набошад катер…
– Он чор тан ба автомашинае нишастанд ва гуселкунандагон ҳам аз қафояшон рост шуданд.
– Баъди як километр таксӣ боздошта шуд…
… 66 …
Имшаб милисаи ноҳияи Гулистон бозорро мемонд. Гӯё замин кафидаву милиса рӯида. Дастгиршудагон чунин ҳолатро аз лаҳзаи аввали боздошт шуданашон дарк намуданд. Онҳо ҳатто имконияти сухане ба забон овардан наёфта, худро рӯйи замини сард хобида диданд. Ҳамин қадар ба ёдашон монд, ки чанд тан милисае рӯйи роҳ таксиеро маън намуданд. Худашон – ку танҳо мебуданд дарди бахайре буд, вале ин кор дар пеши чашми онҳое сурат гирифт, ки тану нафси хешро имшаб баҳрашон арзонӣ доштан мехостанд.
Он ду арӯсаки зебое, ки ҳамагӣ ним соат пеш дар тарабхонаи «Моҷаро» дастони хешро дар гардани ин ду дилдода ҳалқа намуда буданду камари хешро нисори ҳалқаи дастони ин ду Дон Жуан карда акнун бо кормандони милиса ҳамақида гашта, тайёр будани хешро дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ баён намудан мехостанд. Аз ҷой боздоштшавӣ то ба худи бинои ШКД дастгиршудагонро дар автомашинаҳои алоҳида дар байни кормандони милиса гусел намуданд.
Қатори автомашинаҳо дастгиршудагонро бо «иззату икроме» то ба худи пеши бинои ШКД–и ноҳияи Гулистон гусел намуданд ва дар соати дувоздаҳи шаб ҳам «пешвозгирандагон»
дар пеши бино кам набуданд. Фаррух кайҳо ояндаи хешро дар тарозуи ақл баркашида буду муҳри хомӯшӣ ба лаб зада, вале нафари дуюм, ки дар сину сол на кам аз даҳ сол калонтар буд, сабуриро аз даст дода…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо