Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Сабр намоед, – гӯён пешхизматдухтар боз аз пайи кори хеш рафт.
– Ба фикрам Рухсорабону нисбат ба худат бе тафовут нест?
– Намедонам.
– Шояд аз худаш пурсам?
– Изои муъмин ҳаром гуфтаанд.
– Ё аз Наталя Василевна метарсӣ?
– Ё аз ҳар ду.
– Инҳо куҷо гум шуда рафтанд,– пурсид Сан Санич?
– Ҷояшон бад нест. То маҳкамшавии тарабхона бошад боз ним соат вақт. Ба ҷуз Абдумаҷидов ва Наврӯз Умар боз он ҷо чор нафари дигар аз ротаи шумо ҳамин хел? – пурсид Садриддини Саидраҳмон.
– Ҳамин хел.
– Ба фикрам боздошти онҳоро дар дохили тарабхона бо ягон сабабе напазируфтанд. Акнун гӯш ба қимор шудан лозим.
– Дар ҳамин вақт боз автомашинаи дигаре аз кормандони милисаи ноҳияи Гулистон дар рӯ ба рӯи тарабхона қарор гирифт.
Наврӯз Умар баҳри тамокукашӣ ба берун баромад ва тариқи телефон сарвари милисаро аз рафти амалиёт огоҳ намуд.
– Ҳаминаш беҳтар, – гуфт Воҳид Камол. Маркази амалиёт дар як километр шарқтари тарабхона амр дод сарвари ШКД.
Лаҳзае пас Наврӯз Умар боз вориди тарабхона гашт.
– Хуш чӣ гапҳои нав?
– Воҳид Камол андешаҳои моро аниқтараш худатро пазируфт. Маркази дастгиркунӣ дар масофаи як километр аз тарабхона.
– Дар кадом самт?
– Дар самти шарқ.
Оркестр суруди «Шаб ба хайр» – ро навохт ва мардумон саҳнаро тарк намуданд…
Зафар ва Фаррух ҳамроҳи ду нозанине ба сӯйи дари баромадгоҳ шитофтанд. Онҳое, ки васигии ҳарду гумонбаршударо ба дӯш доштанд, боз ба тарафи Наврӯз Умар нигаристанд. Нигоҳашон мегуфт, ки чаро чорае намеандешед. Наврӯз Умар бо дасти чапаш мӯйи сари хеш сила намуд, ин маънии онро дошт, ки назоратро давом диҳед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо