Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Номи ин хӯрокат чӣ буд бонуҷон? – ба тарафи пешхизмат нигоҳе намуда пурсид Абдумаҷидов, ки алакай як бор аз рӯйи ҳамин намуди хӯрок ва шӯхиҳои Рухсора хело хандида буд.
– Лулакабоби роҳзан.
– Чаро роҳзан, ҳеҷ чизро намефаҳмам, – гуфт Наврӯз Умар.
– Вақти ҳисобӣ намудан ҳамаашро мефаҳмед, – хандида гуфт пешхизмат ва лаълиҳои хӯрокро ба пеши онҳо гузошта барояшон боз иштиҳои нағз таманно намуда, аз наздашон дур шуд.
– Лулакабоби роҳзан, – тавба бори аввал чунин номро мешунавам. Хайр, лулакабобаш – ку маълум, роҳзанаш чӣ маъно дошта бошад?
– Рухсорабону ҳамаашро фаҳмонда дод, боз чияш нофаҳмо. Дар «Моҷаро» ҳама намуди хӯрокворӣ чунин ном дорад. Як маротибаи дигар ман дар ин ҷо гӯштбирёни ғоратгар фармуда будам. Ба ростӣ баъди он ташриф ҳанӯз ҷайбам рост нашудааст.
– Бало ба паси киса, канӣ гап зан, ки чӣ кор кунем?
– Сараввал бо ин роҳзанҳо (Абдумаҷидов ба тарафи лаълиҳо ишора намуд) даст ба гиребон шудан лозим меояд, баҳри иштиҳо боз панҷтогӣ, – гӯён Акбар Ҳакимович ба қадаҳо кам– кам коняк рехт.
– Бо чунин аҳвол мо чӣ тавр бо ин ҷинояткорон даст ба гиребон мешавем,– баъди бардоштани қадаҳи навбатӣ изҳори нигаронӣ намуда гуфт Наврӯз Умар.
– Барои бардоштани онҳо як ишораи шумо кофист, – хандида гуфт Абдумаҷидов.
Бо ҳамин минвол боз соате сипарӣ шуд ва чун Рухсора биёмад Абдумаҷидов бо ӯ ҳисобӣ намуд.
– Чӣ шумо меравед.
– Ҳоло – ку не, вале эҳтимол биравем.
– То соати ёздаҳ ҳамагӣ чил дақиқа мондааст, шояд каме боз сабр намоед.
– Ман – ку то субҳ ҳам сабр мекунам, вале Наврӯз Умарович сабру тоқатро алакай аз даст додааст.

пешина
аз 515
навбатӣ