Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Мо – ку дар ватани хешем.
– Мо ба ҷуз оне, ки дӯстонамонро дастгир мекунем, бояд парда аз рӯ ин «Моҷаро» бардорем.
– Пешхизматдухтар – ку шиноси худат ҳаст, чаро дар бораи асрори ин ҷо аз ӯ напурсидӣ?
– Ман намехоҳам ӯро ба бало монам.
– Пас аз куҷо фаҳмем ин асрори ниҳонро?
– Аз ҳамин дӯстони бармен ҳамаашро мефаҳмем.
– Ба фикрам то охири шаб истоданиед?
– Моро роҳи дигаре нест.
– Чаро роҳ нест, мо медонем, ки ҳардуяш ҳам набошад он як нафараш ҷинояткор аст.
– Беҳтар мешуд онҳоро тарзе дастгир менамудем, ки худи дар «Моҷаро» будагон пайхас намешуданд.
– Бачаҳо алакай дасту остин барзада, ишораи моро интизор.
– Медонам, вале беҳтар мешуд, ки аз ишора намудан худдорӣ мекардед.
– О, дар идора маслиҳат чунин набуд– ку?
– Кори хона ба бозор рост намеояд, ба замми ин ана Рухсорабону боз хӯрок оварда истодааст.
– Ба ростӣ ман дигар иштиҳо надорам.
– Ман ҳам, вале мо наметавонем аз талаби хеш даст кашем.
– Аҷиб, ки чаро шеф дигар занг назад.
– Ба фикрам бо модагург забон як карда натавониста истодаанд.
– Бо ҳамшираи шафқат гӯй.
– Ӯ гургест дар ҷомаи меш ва ба замми ин зан аст, пас модагург гуфтанаш бамавридтар аст.
– Ба ростӣ ман ҳамин интизориро хуш надорам.
– Интизорӣ бадтар аз ҷон кандан аст ва ба банда низ маъқул нест, вале ба хотири анҷоми неки кор сабр мебояду сабр.
– Хуш сари чӣ маслиҳат доред, – лаълии калонро дар як гӯшаи миз гузошта гуфт пешхизмат.
– Сари хӯрокҳои овардаи худат.

пешина
аз 515
навбатӣ