Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ҳамааш нағз мешавад, – гуфт муфаттиш, ӯ ҳоло чун булбул хоҳад хонд.
– Акнун баҳс намекунам.
– Боз каме тоқат намоед, – гуфт Воҳид Камол беморро ором карданӣ шуда ва бо ӯ худоҳофизӣ намуд.
– Модагург, оҳ лаънатие, – мегуфт Боҳир Қаюм, ки ҳатто баъди бурдани ҳамшираи шафқат ҳам ором нашуда буд.
– Ором шавед, – гуфт муфаттиши прокуратура аз дар баромада истода.
Воҳид Камол аз даҳлези беморхона ба Наврӯз Умар занг зада амр дод, ки амалиёт дар беморхонаи шаҳрӣ ба некӣ анҷом ёфт ва онҳо ҳам метавонанд ба иҷрои супориш пардозанд.
– Хуб шудааст,– гӯён Наврӯз Умар телефонро хомӯш кард.
… 65 …
Занги телефонии Воҳид Камол ба ҳолате рост омад, ки дар
«Моҷаро» созу наво ба авҷи аълояш расида буд. Ҳар ду он нафароне, ки дар зери назорати милиса қарор доштанд, дар ҳавои мусиқии ноҷури ғарбӣ чарх мезаданду чарх…
Аз он ки танозҳои қариб нимбараҳна ба ин ду тан чун замбӯри асал ба ширини часпида буданд, худ гувоҳи он буд, ки ҳарду мизоҷ ба эшон нағз шиносанд.
– Ба фикрам он пулҳои бедардимиён ёфтаро дар сари чунинҳояш хоку туроб хоҳанд кард.
– Бодовардаро боз мебарад бод, – гуфт Абдумаҷидов ва изҳори нигаронӣ бар он намуд, ки марказ бо гурӯҳи якум забон як карда натавонистааст.
– Мо бошем он ҳамшираи шафқатро сода гумон намудем.
– Магар шахси сода ба чунин як ҷинояти вазнин даст мезанад, – эътироз намуд Абдумаҷидов.
– Бачаҳо алакай ҷо ба ҷо шуданд, шояд онҳоро бардорем.
– Ин ғайриимкон аст?
– Чаро?
– Бубин, дар ин ҷо бо он марди бегона чӣ кардаанд.
– Бо Қобилов?
– Бале.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо