Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Мумкин ман шишаро бо худ гирам?
– Сари субҳ фаррош худаш омада мегирад, чӣ лозим худро азоб додан, – гӯён бемор пиёларо бардошт. Дар ҳамин асно дар кушода шуду чанд тан вориди ҳуҷраи рақами ҳафти беморхона шуданд.
– Истед! – хитоб намуд нафаре ва бемор таваққуф намуд.
Ҳамшираи шафқат хост пиёларо аз дасти бемор рабояд, вале кадоме сади роҳи ӯ шуд ва оби ҷонбахш дар дасти бемор монд.
– Муҳтарам Азимова шуморо боздошт мекунам.
– Барои чӣ?
– Барои қасд ба ҷони Боҳир Қаюм ё худ ҳамин бемор намудаатон, – гӯён корманди милиса ҳалқаи ялақосиеро ба дасти рости ҳамшираи шафқат тоб дод.
– Ман гуноҳе надорам.
– Муфаттишро ҷеғ занед,– амр намуд Воҳид Камол, ки худ ҳамроҳи Фурӯғи Шариф баъди вориди ҳуҷраи бемор гаштани Соро Азимова аз ҳуҷраи сардухтур ба ошиёнаи сеюми бино баромада буд.
– Ман гуноҳе надорам.
– Духтараки резапайкаре аз ҳуҷраи дигар баромада, вориди ҳуҷраи бемор Боҳир Қаюм гашта, ба тарафи он ҳамшираи шафқат, ки ҳамсину соли худаш буд гуфт:
– Ну воть и допригались.
– Хуш бигӯ кӣ худатро ба ин кор ҷалб намуд, – пурсид Воҳид Камол.
– Ман сухане нахоҳам гуфт, мефаҳмед ман шуморо чашми дидан надорам.
– Ин танҳо бар зарари худи шумост.
Муфаттиш дар иштироки холисон протокол тартиб дода, далелҳои шайъиро гирифт.
Соро Азимова сар ба зер афканда буд. Ӯ ҳатто маҷоли ба тарафи бемор, ба тарафи он марде, ки баҳраш нома оварда буд, нигоҳ кардан намехост.
– Модагург, – ба тарафи ӯ нигариста гуфт бемор.
Духтар ҷавоб надод. Дигар чӣ ҳам мегуфт вай. Вақте ки ӯро аз ҳуҷраи бемор бароварданд Ёсин Сафоро дар сари он мизи пеши дар надид…

пешина
аз 515
навбатӣ