Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Гуфт, вале ман фаҳмидам, ки касеро ба ин ҷо омадан намемонанд ва эҳтимол оне, ки номаро гирифтааст алакай онро даронда партофтааст.
– Амонатро партофтан, бовар намекунам.
– Ба амонат танҳо одами Худотарс хиёнат намекунад.
– Ҳоло он Худотарс туро чунон ба ҷаҳаннам фиристад, ки милисаат ҳам қоил шавад, – аз дил гузаронд Соро ва бо овози шунафо гуфт: – Гапатон дуруст.
– Исто, ки ман як чой фармоям, – аз болои бистар бархеста гуфт бемор.
– Шояд ман худам рафта як чой биёрам.
– Не, шумо меҳмон, ман бошам соҳибхона. Худи ҳозир ба Ёсинҷон супориш дода бармегардам, – гӯён бемор лаҳзае аз дар баромад…
Соро Азимова ҳамоно он шишачаи «Пенитсилин»–ро аз ҷайбаш берун овард ва даҳони оби Шоҳамбариеро ки аз нисф зиёдашро бемор алакай нӯшида буд чапа кард ва баҳри омехта шудани дору онро ба даст гирифта такон дод. Сипас, бо дастпоккунак шишаро пок намуд бехабар аз он ки дар ҳуҷраи шафт кормандони оперативии милиса ҳамаи ҳаракатҳои вайро тамошо доранд ва камера ҳамаи ин ҳаракатҳоро ба лента сабт намуда истодааст. Нафаре аз он ҳуҷра берун омад ва бо амри Ёсин Сафо бемор боз вориди ҳуҷрааш шуд.
– Бубахшед, каме дер мондам худи ҳозир чой мешавад.
– Ба ростӣ маро рафтанам даркор, – гуфт ҳамшираи шафқат.
– Шояд камтари дигар суҳбат намоем, худи Ёсинҷон ҳоло чой мебиёрад.
– Беҳад минатдорам, ягон вақти дигар, – гӯён Соро аз ҷой бархест.
Бемор, ки алакай худро болои бистар гирифта буд, гуфт:
– Агар бемалол бошед, барои банда як пиёла об медодед.
– Аз кадомаш?
– Ихтиёр шуморост, барои бемор кадомаш хубтар.
– Набошад аз ҳамон «Шоҳамбарӣ» як об резам чӣ? – гӯён Соро ба пиёлае оби ҷонбахш рехта, ба дасти бемор дод ва ҳамоно аз беэҳтиётӣ бошад, ки шишаро чапа карда гуфт:
– Бубахшед.
– Боке нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо