Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Салом, – гуфт бемор ва аз болои бистар каме нимхез шуд.
– Ташвиш накашед, илтимос маро гунаҳкор накунед, – гуфт духтари ба айёдаташ омада.
– Марҳамат, ана курсӣ, метавонед гузашта шинед!
Соро ба курсие пушт ба самти тиреза ва рӯй ба тарафи бемор нишаст.
– Бубахшед, ки шуморо нашинохтам.
– Номам Соро, дар ошёнаи дуюми бино вазифаи ҳамшираи шафқатро ба дӯш дорам.
– Ёсинҷон гуфтанд, ки шумо баҳри банда номае доред?
– Ҳа, маҳз ба ҳамин хотир ба ин ҷо омадам.
– Аз дидоратон шодам. Ба ростӣ ба бемор дӯсту ҳамдаме даркор, ки ғубори дилашро барорад.
– Бубахшед, ки банда дар ҳамон вақту соате, ки номаро гирифтам, онро ба дасти шумо расонида натавонистам.
– Боке нест. Дар он шабу рӯз касеро ба назди ман даромада намемонданд. Ин ҳамааш кори милиса. Ба ростӣ милисаҳо мегӯянд, ки кадомҳое ба ҷони ман қасд доранд. Ҳамаи инро сабаб он аст, ки ду ҳафта пеш кадом як тири дайдуе китфи банда бишкофт. Ба фикрам акнун милисаҳо ҳам бовар намуданд, ки он тир саҳфан ба ман расидааст.
– Шояд дар ҳақиқат касе қасд ба ҷони шумо дошта бошад?
– Бовар намекунам. Агар касе қасди ҷони банда медошт тайи ин ду ҳафта, албатта мақсадашро амалӣ мекард. Канӣ он мактуб?
– Ана, он мактуб гӯён Соро номаро аз ҷайби хилъати сафедаш бароварда ба дасти бемор дод.
– Ташаккур хоҳари азиз, – гӯён бемор нома аз дасти ҳамшираи шафқат бигирифту чашм бар он дӯхт.
– Ба фикрам соҳиби нома нисбат ба шумо бе тафовут набуд.
– Аз куҷо фаҳмидед?
– Аз талошҳояшон, ки ба ин ҷо даромадан мехост.
– Ҳамин хел аст. Ҳа, дар воқеъ ӯ оқибат бо чӣ ҷаҳду талошҳое, чун худи шумо рухсат гирифта даромад.
– Дар бораи ин нома чизе нагуфт?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо