Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Маълум, ки то кунун милиса ҳам қотилони бандаро муайян накардааст ва аз амалиёти имшаба онҳо умед бар он мебанданд модагург онҳоро бо қотилон рӯ ба рӯ хоҳад кард: – Резоно.
Баъди аз фурудгоҳ баргаштани муфаттиши прокуратура Воҳид Камол ўро баҳри маслиҳат ба назди хеш хонд ва ҳамин миссияро ба зиммааш гузошт, чунки Боҳир Қаюм ба ҷуз ӯ ва Абдумаҷидов дигар бо касе аз наздик шинос набуд ва чунин амалро танҳо ба зиммаи оне гузоштан лозим буд, ки бемор ба суханони вай бовар кунад ва на танҳо бовар намояд, балки аз рӯйи суханони шунидааш амал намояд. Фурӯғи Шариф бо қавле миссияи аввалаи хешро иҷро намуд.
… 64 …
Ёсин Сафо дарро кушода пурсид:
– Боҳир Қаюмович ба назди шумо меҳмон, мехоҳад вайро қабул намоед ё фардо биёяд?
– Бигузор дарояд. Дар байни чор девори бетонӣ банда чун мурғи дар қафасам. Ба ростӣ Ёсинҷон ман ба суҳбати дӯсте ниёз дорам, вале шумо дӯст он тараф истад, ҳатто хешу ақрабоямро ҳам аз ман ҷудо намудед. Хуш, меҳмон кист? Шояд кадоме аз хешовандонам бошад.
– Меҳмон аслан корманди ҳамин беморхона, баҳри шумо аз кадом шиносатон нома овардааст.
– Набошад монед вай дарояд!
– Марҳамат гузаред, – гӯён Ёсин Сафо бо як ишорае ба бемор фаҳмонд, ки акнун ҳамааш дар дасти худат.
Духтараки мавзунқомате вориди палатаи ҳафтум шуд, ҳамон духтаре ки чанд соат пеш муфаттиши прокуратура расмашро ба бемор нишон дод, духтараке ки акнун ба қасди ҷони вай омада. Дар як лаҳза дунё пеши назари бемор чаппа шуд, хост ҳамоно ӯро дошта буғӣ намояд, вале боз суханони муфаттишро ба ёд овраду зери лаб астағфируллоҳ гуфт.
– Салом, – гуфт духтаре, ки ба қасди ҷонаш омада буд ва овозаш чунон маҳин ба гӯши бемор расид, ки ҳатто ба қотил будани вай бовар накард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо