Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Шояд ягон намуди нӯшокӣ ва ё меваҷоти заҳролудшударо ба ин ҷо биёрад ва ё аҷаб нест, ки заҳри ҳалоҳили бо худ овардаашро ба обу шарбати дар ҳамин ҷо доштаи шумо ҳамроҳ намояд.
– Не, ман намегузорам, ки вай лаънатӣ ба чунин амал даст занад, ба ростӣ ман ӯро дар ҳамин ҷо буғӣ карда мекушам.
– Ана, ҳамин корро кардан лозим нест.
– Чӣ ман истам, ки вай моро заҳр дода кушад?
– Шумо алакай аз ин кор бохабаред ва ӯ ягон зиёне ба шумо расонида наметавонад. Соате пас ба ин ҷо гурӯҳи махсуси мутахассисон меоянд ва ҳуҷраро бо асбобҳои ҳозиразамони техникӣ барои ба навор гирифтани ҳар як ҳаракат муҷаҳҳаз мегардонанд. Дастури дурустарро худи онҳо ба шумо хоҳанд дод.
Хоҳиш мекунам, ки сабуриро аз даст надиҳед, танҳо баъди амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш, яъне заҳролуд намудани хурок ё шарбату оби дар ин ҷо буда, мо ин духтаракро, муфаттиш ба расми то ҳанӯз дар дасти Боҳир Қаюм буда ишора намуда, метавонем дар асоси қонун дастгир намоем ва ӯ баҳри амон мондани сари хеш аз кӣ ва бо кадом нарх супориш гирифтанашро хоҳад гуфт.
– Ман розӣ.
– Кӯшиш кунед худро вонамуд бар он созед, ки шумо аз он духтарак хавфе намебаред ва чун ӯ баҳри шумо он номаи дар роҳ гумшудаи Субҳияро меорад, ӯро чун дӯсти хеш хонед. Дар он сурат ӯ бебоктар шуда, мақсадашро амалӣ хоҳад намуд.
Лаҳзае худро ба ягон шуғли дигар андармон созед, то ӯ он заҳри овардаашро ба об ё ғизои дар рӯйи миз буда ҳамроҳ намояд. Ҳамаи ҳаракатҳои ӯ тариқи камера пинҳонӣ ба навор гирифта мешавад,– гӯён муфаттиш аз ҷой бархеста гуфт акнун он расмро ба ман диҳед.
Боҳир Қаюм бори охирин ба расми қотили хеш нигариста онро ба дасти Фурӯғи Шариф дода ваъда дод, ки аз гуфтаҳои муфаттиш заррае сар нахоҳад печид.
– Дар амони Худо бошед, боз каме тоқат намоед, – гӯён муфаттиш ба тарафи дар ҳаракат намуд.
– Ҳамшираи шафқат будааст. Оҳ, лаънатӣ гург дар ҷомаи меш, не дурустараш модагург, – зери лаб ғунгос зад Боҳир Қаюм ва худро боз болои бистар партофт.

пешина
аз 515
навбатӣ