Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Чаро ба гӯши муассисаҳои давлатӣ нею ба гӯши адмирал?
– Чунки дар Германияи он вақта ҳар сеюмин одам аз болои ҳамсояаш ва худи он ҳамсоя аз болои яке аз он хабаркашҳо ба мақомотҳои Гестапою разведка хабар медод ва хабаркаши дар давлат ба ҳукми анъана даромада буд. Хабаркаш шаҳрванди зираку ҳушёр эътироф мешуд, вале сети хабаркашҳои адмирал Канарис аз дигар сетҳо ба куллӣ фарқ дошт…
… 63 …
– Имрӯз рӯзи охирин дар беморхона будани шумост, – гуфт муфаттиши прокуратура.
– Ташаккур!
– Вале бояд иқрор шавам, ки то кунун мо қотилонро дастгир накардаем.
– Яъне онҳо ҳар соат метавонанд ба ҷони банда қасд намоянд?
– Аз рӯйи маълумоти ба дастовардаи милиса онҳо худи ҳамин бегоҳ мақсадашонро амалӣ карданианд.
– Ин аҷиб.
– Ана, ин расми қотили шумо, – расмеро болои миз пеши бемор гузошта гуфт Фурӯғи Шариф .
Боҳир Қаюм он расмро ба даст гирифта, хело нигоҳ кард.
Духтараке дар либоси сафед.
– Ин кас духтур?
– Ҳамшираи шафқат.
– Ва ӯ чи тавр мақсади хешро амалӣ месозад?
– Танҳо тариқи заҳр.
– Чӣ вай ба ман сӯзандору мегузаронад?
– Ба гумон аст, охир шумо дар он сурат қобилияти худро ҳимоя намудан доред – ку.
– Пас чӣ тавр ӯ ба ман заҳр медодааст?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо