Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Намедонам, беҳтар мешуд, ки дар ин бора аз худашон мепурсидед.
– Эй Рухсор, Рухсор, о вай Биҷо ба мо чӣ даркор? Беҳтар мешуд, ки ягон чиз меовардӣ.
– Чӣ биёрам?
– Инҷо мо бо Наврӯз Умарович маслиҳат намудем ва хуб мешуд, ки аввал як коняки панҷситорадор, вале огоҳ мекунам, ки он на бояд аввалу охир бошад.
– Яъне чӣ хел?
– Сараввал як коняк биёр пас давомашро мефаҳмӣ.
– Чӣ лозим буд вайро дар ин бора пурсидан? - баъди аз пайи супориш шудани пешхизмат изҳори нигаронӣ намуда гуфт Наврӯз Умар.
– Ташвиш накашед. Рухсорабону ба онҳо сухане нахоҳад гуфт, вале мо дар бораи он ду бародари хуҷаини «Моҷаро»
алакай маълумот гирифтем.
– Кош ҳамин хел бошад.
– Ҳамин хел мешавад.
Марди нав вориди тарабхона гашта, тарафи чап ба сӯи бар тоб хӯрда, дар курсии дигаре рӯ ба рӯйи «Ф» нишаст.
– Вай дар ҳақиқатан ба гурҷиҳо монанд, – гуфт Наврӯз Умар, ки баръакси Абдумаҷидов рӯ ба тарафи дари даромадгоҳ ва бар меистод.
Пешхизмат аз рӯйи талаби мизоҷҳо коняки панҷситорадореро аз бармен гирифта баргашт. Танҳо баъди аз назди пештахтаи бар дур шудани пешхизматдухтар бармен ба пиёлаҳои он ду мизоҷи дар пешаш буда шароб рехта наздашон гузошт ва ким чӣ гуфт. Наврӯз Умар бо ҳама ҳушу гӯшаш ҳам суханони барменро нафаҳмид. Он ду нафар бошанд пушт ба сӯйи онҳо меистоданд ва гуфтугӯяшон ҳам маълум набуд.
Ҳамин нуқтаи назарро сарвари бахши кофтукови ҷиноятӣ ба гӯши ҳамсуҳбати хеш Абдумаҷидов бирасонд.
– Рафту агар хабаркашҳои Канарис мешуданд аз ҳамин масофа ҳам чи гуфтани барменро муайян мекарданд.
– Нафаҳмидам.
– Адмирал ба сети агентураи хеш шахсонеро ҷалб намуда буд, ки худ қобилияти гуфтугӯ ва шунидан надоштанд, вале аз ҳаракати лабҳо мефаҳмиданд, ки шахс чӣ суҳбате дорад ва натиҷаи ин амали хешро дар шакли хаттӣ ё чи хеле, ки мегӯянд агентурное донисение ба гӯши онҳое, ки дар хизмати адмирал буданд мерасониданд.

пешина
аз 515
навбатӣ