Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ташаккур, – гӯён Абдумаҷидов бо бармен ва он нафари дар суҳбати вай буда, ки бо дасти росташ пиёлаи майро бардоштаву дасти чапашро болои тахтаи бар гузошта буд худоҳофизӣ намуда, ба мобайни толор ҳаракат намуд.
– Хуш чӣ хел? – пурсид Наврӯз Умар.
– Як тамоку дуд кунед, пас ҳамаашро мефаҳмед.
– Нағз медонӣ, ки ман тамоку намекашам.
– Ман ҳам намекашам, вале дар зарурият раво бошад гуфтаанд.
– Чӣ илоҷ модоме, ки чунин зарурият пеш омада бошад мекашем,– гӯён Наврӯз Умар аз қуттӣ як дона тамоку гирифта гуфт, ки гугирд овардӣ?
– Гугирд чӣ лозим? – дар пушти шумо ана вай хонум тамоку дуд дода истодааст, метавонед аз он кас пурсед.
– Акбар Ҳакимович, о ту чи хел тамокукашӣ, ки гугирд надорӣ, магар айб нест аз дигарон оташ пурсидан.
– Хуш, ана ман, чӣ мефармоянд, – гуфт пешхизматдухтар, ҳамоне, ки онҳоро бо иззату икром пешвоз гирифт ё худ Рухсора.
– Пеш аз ҳама баҳри Наврӯз Умарович оташ, – амр кард Абдумаҷидов.
– Оташ бошад, оташ, – гӯён пешхизмат аз пешкиссааш зажигалкаеро берун оварда, тамокуи ҳарду мизоҷро оташ сар дода гуфт: – боз чӣ?
– Гӯш кун Рухсорабону, ҳамон мизоҷи рӯ ба рӯи бармен нишаста ба назарам ниҳоят шинос намуд, вале ҳар қадар фикр намудам, ки ӯро дар куҷо дидаам, ба ёд оварда натавонистам.
– Он кас Фаррух дӯсти ҷонии шефи мо. Ба фикрам омадани рафиқашро интизор.
– Рафиқаш кист?
– Ана вай ҳам омаданд, номаш Зафар, як ҳафта пеш Фаррух ӯро ба шефи мо шинос намуд. Ғафур Саидович ӯро Биҷо ном бурд…
– Чаро Биҷо?
– Чунки ӯ ба Қафқозиҳо монанди бештаре дорад.
– Биҷо дар забони гурҷиҳо бачаро мегӯянд, шояд ӯро ҳам ягон рагу пайвандаш аз авлоди гурҷиҳо бошад?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо