Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Худоё ба ман мадад намо, – мегуфт Соро Азимова зери лаб…
… 62 …

Рухсора онҳоро аз байни толор дида ба истиқболашон ҳаракат намуд.
Тайи ҳамин як лаҳза Абдумаҷидов мавқеи ҷойгирифтани хешро муайян намудан хост. Мувофиқи нақшаи кашидашуда онҳо мебоист ҳарчи наздиктар ба мизи объект ҷойгир мешуданд, вале кори хона ба бозор рост наояд гуфтагӣ барин шуд.
Объект умуман дар толор набуд…
– Оҳҳо киро мебинам, – гӯён пешхизмат дастҳо пеши бар онҳоро хайра мақдам гуфт.
– Наврӯз Умарович, ин кас Рухсора бону, зеботарин гули ин тарабхонаи номаш то ба қофу қайсар расида. Рухсора ин кас Наврӯз Умарович бародари қадрдони банда, – ҳамроҳашро ба пешхизмат ва пешхизматро ба ҳамроҳаш муаррифӣ намуда, гуфт Абдумаҷидов толорро дуюмбора аз назар гузаронида истода.
– Аз шиносоӣ бо шумо шодам, – гуфт Наврӯз Умар.
– Ман ҳам гумон мекунам, ки «Моҷаро» ба шумо низ писанд хоҳад омад.
– Ҳамааш ба шумо вобаста Рухсора бону, – гӯён Абдумаҷидов аз пешхизмат хоҳиш намуд, ки Наврӯз Умаровичро ҷо ба ҷо намояд ва худ ба самти бар, ки нафаре пушт ба сӯйи дари даромадгоҳ болои курсии чархзанандаи баланд нишаста, бо бармен сари суҳбат буд ҳаракат намуд.
– Ӯ аз паҳлуи он нафаре, ки пушт ба сӯи даромадгоҳ менишаст гузашта болои курсии дигаре нишаст ва аз бармен тамоку пурсид.
– Кайҳон, Родопи, Президент аз кадомаш.
– Мо зи болоему боло меравем,– гуфт майори милиса.
– Марҳамат ана тамокуи хостаи шумо, гӯён бармен як қуттии «Кайҳон» – ро назди мизоҷ гузошт.

пешина
аз 515
навбатӣ