Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба пеш,– гӯён Соро он доруи ҳалоҳилро ҳамроҳи нома бигирифту аз дар баромад…
Тамоми рӯз ӯ аслан аз ошёнаи дуюм набаромад. Бо чандин беморон сари суҳбат буду ба чандин нафар бо дорую дармонҳои таъиннамудаи духтурон сӯзандору гузаронид, ба қавле ба чандин нафар бо дастони муъҷизаофарини худ умри дубора ато намуд.
Меҳрубониҳои ӯро дида беморон ҳамеша бо дуои хайр барояш бахту саодат орзу мекарданд ва касе ҳам ба гӯшаи хотир намеовард, ки ҳамин духтараке, ки аз забонаш шаҳд мерезад ҳамин шабу рӯз ғуломӣ нафс гашта, қасд ба ҷони бемори дигаре дорад, ки ҳамагӣ як ошёна аз онҳо болотар ба табобат машғул аст. Не, одамӣ бо ҳама ақлу заковаташ то кунун қодир нест, ки ботини инсони дигареро фаҳмад.
Соро дар ин рӯзи пеш аз ҷаҳиши охиринаш танҳо як маротиба бо донишҷӯ Ёсин Сафо рӯ ба рӯ омад ва ин ҳам бошад сари субҳ дар пеши бинои беморхона. Не, вақте ки Соро аз хона омад донишҷӯ алакай дар пеши дари беморхона рост буд ва ба посухи ҳамшираи шафқат ҷавоб гуфт, ки кадоме аз донишҷӯён бояд барояш китоб биёрад. Соро ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наовард, ки кормандони милиса ӯро аз хонааш то ба ҷойи кор гусел намуданд. Не, ӯ танҳо ба ҳилаю найранги хеш боварӣ дошт.
Ёсин Сафо бошад объектро аз ҳамкоронаш қабул намуд.
– Шояд ҳоло ҳам дер нашудааст, гоҳ–гоҳ садое аз ғайб меомад ба гӯшаш.
– Не, роҳи бозгашт нест нидо омад аз он қалби ба васвосаи шайтон додашуда ва ӯро барои гуноҳ намудан далертар карда истода.
– Ҳа роҳи бозгашт нест иқрор бишуд худи вай ва боз худро каме ҳам бошад ором кард. Охир амалиёти дар пеш истодаро ӯ бо тамоми ҷузъиёти хурдтаринаш дар мизони ақл баркашидааст. Ба назди бемор қариб, ки бо дасти хушку холӣ медарояд.
Ба ҷуз он номаи маҳбубааш дигар ӯро чизе дар даст нест. Бо бемор соате ё шояд камтар ҳам бошад сари суҳбат қарор мегирад. Сипас майли об нӯшидан мекунад ва албатта бемор худаш хеста ба ӯ об намедиҳад муҳимаш, ки ӯ то пеши вай мизе, ки болояш об ва шарбатҳо ҳастанд роҳ ёбад, он тарафаш ду карат ду ва чунин амалро ӯ ҳамин сари субҳ чанд маротиба дар хонааш ба анҷом расонид.

пешина
аз 515
навбатӣ