Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Шаб бо тамоми ҳастиаш ҳукмронӣ дошт…
… 61 …
– Ба айёдати бемор бо дасти холӣ рафтан ҳам аз рӯйи одоб нест, – аз дил гузаронд Соро Азимова.
– Боз нашуд, нидо омад аз қалбаш.
– Нашуд.
– Чаро?
– Намедонам ба ростӣ сару калобаамро гум намудам.
– Шояд ҳоло ҳам дер нашудаасту аз райъат гардӣ?
– Не алакай дер шуд. Бунафша гуфт, ки бо онҳо шӯхӣ нашояд, ба замми ин ман алакай бо Ёсин ҳама гапро пазонидам. Агар балое ба сари он бемор биёяд ман гунаҳкор намешавам ба шарте дуруст андеша намоям.
– Андеша намо, андеша…
– Ба ақидаи ман бо дасти хушку холӣ рафтан ҳазор бор беҳтар охир бурдани ҳама гуна меваҷот ё шарбату оби минералӣ боиси гумонҳои бад шуданаш ҳам мумкин. Рафту аз он мева ё обҳои ман ягон нафари дигар ҳам истемол кунад чӣ?
– Дар он ҳолат қиёмат қоил мешавад. Охир он заҳри ҳалоҳиле ,ки акнун дар дасти худат аст буқаро меафтонад.
– Ана барои ҳамин ҳам ба он ҷо ягон чиз ба ҷуз ҳамин заҳри ҳалоҳил бурдан лозим нест, то таваҷҷӯҳи Ёсинро ҳам бедор накунам.
– Яъне, ки заҳрро ба коса ва ё чойники ӯ нияти андохтан дорӣ.
– Албатта.
– Мо аслан ба ақли худат қоилем, ин кала не гунбази ақлу хирад, – нидо омад аз қалбаш, аз қалбе, ки тайи ду ҳафтаи охир мутеъи нафс гашта ба васвасаи шайтон дода шуда буд.
– Рафту ҳама корҳо ба хубӣ анҷомид, банда дар як шаб соҳиби ҳафт ҳазор долари амрикоӣ мешавам, ҳарчанд ин маблағ алакай дар дасти ман аст, вале қарз ҳамеша бо баргардониданаш зебост…
– Набошад ба пеш ва танҳо ба пеш!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо