Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Набошад аз пайи иҷрои супориш шав.
– Чӣ ҳамаро якзайл ба навор гирам?
– Ҳамаро аз меъёр зиёд ба навор гирӣ ягон гап намешавад, вале рафту ҳамон нафаре, ки таваҷҷӯҳи Воҳид Камолро бедор намудааст аз объективат дур монад ҳисоб намо, ки як танбеҳ дар гӯшат ҳалқа мегардад.
– Аз дигар тараф дари баромад надорад?
– Чӣ зарурияте ҳаст, ки объект аз дари қафо барояд ё ӯ ҳамин қадар роҳро тай намуда барои фирор намудан омадааст?
– Хайр, ман гуфтам.
– Чун аз ШКД гурӯҳи нав биёяд, пас мебинем боз чӣ амр мешавад, ҳоло бошад аз корат намон.
– Мизоҷон ниҳоят кам омада истодаанд.
– Ин тарабхона аст ва ҳоло ҳамагӣ шуда соат ҳаждаҳу сиву панҷ дақиқа.
– Гумон мекунам, ки шаб аз нисф гузаштааст.
– Рӯзҳои зимистон ҳамин хел кутоҳ, набошад дар тобистон айнан дар ҳамин соат офтоб дар байни осмон.
– Оҳҳо майори милиса Абдумаҷидов ҳамроҳи Наврӯз Умар ба ҳамин самт омада истодаанд. Чӣ онҳоро ҳам ба навор гирам?
– Не, онҳоро ба навор гирифтан лозим нест. Ба фикрам дохили тарабхонаро ҳамин ду нафар ба дӯш гирифтаанд.
– Ҳо, ана боз ду нафари дигар ҳам азми ба ҳамин тараф омадан доранд.
– Кӯшиш намоед, ки онҳоро аз объектив берун намонед.
– Майлаш, – гӯён Сафар объективро, ки бо таҳҷизоти сабти шабона муҷаҳҳаз гардонида шуда буд, ба сӯйи он ду нафар рост кард.
Духтараке аз пеши дари тарабхона Наврӯз Умар ва Абдумаҷидовро, ки ҳарду дар либосҳои ғайринизомӣ буданд, дастҳо пеши бар пешвоз гирифта, дарро ба истиқболашон кушод.
Лаҳзае пас он ду милиса пушти дар аз назар пинҳон шуданд.
Дар дохили тарабхона чӣ гапу хабар буд, Садриддину Сафар намедонистанд, вале медонистанд, ки Абдумаҷидову Наврӯз Умар дар он ҷо чашму ҳуши хешро аз «Ф» дур нахоҳанд кард.
То рафт сафи мизоҷон ба тарабхона зиёдтару зиёдтар мешуд ва касе аз объективи Сан Санич берун намонд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо