Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Наход Воҳид Камолро ба Оташак қиёс намоӣ, калаварам.
– Барои мо чӣ фарқ дорад, ки Воҳид Камол меравад ё Оташак, албатта ҷояшонро ба ман пешниҳод намекунанд, чун яктоаш рафт дигараш мебиёяд ва гург ҳамааш бур…
– Набошад рафтем, – гӯён лейтенанти калон муҳаррикро ба кор андохт.
– Ба куҷо?
– Ба куҷое, ки вай моро барад.
Сафар Сафаров дар рушноӣ чароғакҳои барқии сари роҳ дид, ки «Ф» нияти маън намудани таксиро дорад. Ниҳоят объект ба автомашинаи шахсие нишаста, ба самти ҷануб ҳаракат кард.
– Рақамашро дидӣ?
– Ҳа, 13–12.
– Набошад ҳушу ёдатро танҳо ба ҳамон автомашинаи ВАЗ–2105 бигир,– гӯён Садриддин ҳам автомашинаи хешро ба маҷрои нақлиёти шаҳрӣ даровард…
– Чорум гоҳ–гоҳ аз самти ҳаракати объект ба Марказ хабар медод, вале дар тамоми давраи ҳаракат ягон супориши иловагие нагирифт.
– Назоратро давом диҳед мегуфтанд аз марказ ва баъди сию се дақиқа автомашинае, ки дар он объект сукунат дошт, дар рӯ ба рӯйи тарабхонаи «Моҷаро» қарор гирифт. Чун объект вориди тарабхона шуд, чорум бори дигар тариқи мухобира Марказро дар ин бора ҳушдор сохт.
– Назоратро аз берун давом диҳед, худи ҳозир гурӯҳи иловагӣ фиристода мешавад, хабар дод марказ.
– Чӣ мо ба тарабхона намедароем?
– Ба фикрам амри марказро шунидӣ?
– Оҳ, чи қадар мехостам, ки боре ҳам меҳмони ҳамин тарабхона гардам.
– Танҳо имрӯз не, мефаҳмӣ!
– Чияш нофаҳмо.
– Набошад ҳушу ёдатро ба самти дари даромадгоҳ бигир.
Ба фикрам мавқеи ишғолнамудаамон бад нест.
– Ҷойи беҳтареро дар чунин шароит ёфтан душвор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо