Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Мо кӯшиш мекунем, ки ба ивази ёрии онҳо ёрии хешро расонем, ҳамин нуқтаи назарро ба онҳо фаҳмонда додан лозим буд!
– Ман ҳамаашро фаҳмондам.
– Акнун аз пайи кор шавед!
… 60 …
– Марказ, ман сеюм, ман сеюм, ба алоқа бароед.
– Сеюм, ман марказ.
– Марказ ду дақиқа пеш объект аз ҳавлии рақами 108 баромада, дар айни ҳол ба самти Водонасос ҳаракат дорад.
– Марказ объектро ба чорум супоред, қабул.
– Шуморо фаҳмидам.
– Сеюм, шумо ба идора баргардед, қабул.
– Хуб шудааст, – гӯён сеюм мухобираро хомӯш кард.
– Хуш, объектро дидӣ, – гуфт Зафари Саидумар ба сержанти милиса Сафаров, ки ҳамроҳи Садриддини Саидраҳмон ба ивази сеюм омада буд.
– Бале.
– Набошад ӯро ба шумо ва шуморо ба Худо месупорам.
– Майлаш ману Садриддин ягон бало мекунем, – гӯён Сафар Сафаров, ки дар милиса бо номи Сан Санич машҳур буд, ба тарафи роҳ ба он самте, ки Садриддин Саидраҳмон ӯро дар автомашина нигоҳ дошт ҳаракат намуд. Акнун гурӯҳи нав васигии «Ф»–ро ба дӯш гирифт.
– Супориши марказро шунидӣ?– пурсид Сафар Сафаров.
– Ҳа, мухобира дар ҳолати қабул қарор дошт.
– Объектро дидӣ?
– Бале.
– Боварӣ ҳаст, ки ӯро аз мадди назар дур намекунем.
– Агар мо ӯро аз мадди назар дур кунем ё бо милиса хайрухуш мекунем, ё фишори хуни Воҳид Камолро ба 300 дар 120 мерасонем, вале ба фикри ман аввалааш баҳри мо арзонтар мешавад, чунки намедонам коллектив бе чунин сарвари оқилу доно чӣ мекунад?
– Хайр, ана Мӯсоев рафт моро ягон бало назад– ку?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо