Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Баъди вохӯрӣ онҳо ба куҷо рафтанд?
– Бунафша ба хонаашон, Федя ё шояд Фаррух бошад аввал ба қаҳвахонаи «Мардон», сипас ба кӯчаи Партизани Сурх ва аз он ҷо ба кӯҳдомани Водонасос.
– Бемор чӣ аҳвол дорад?
– Имшаб анҷоми амалиёт дар назар аст.
– Бо иштироки кӣ?
– Бо иштироки ҳамон ҳамшираи шафқат.
– Вай бо чӣ муҷаҳҳаз аст?
– Ба фикрам бо заҳр.
– Рафту бо таппонча бошад чӣ?
– Дар ин бора ҳам Ёсин Сафо дастур гирифтааст. Пеш аз оне, ки вайро барои ба палата даромадан рухсат диҳад ӯ бояд боварӣ ҳосил намояд, ки ҳамшираи шафқат бо яроқ муҷаҳҳаз нест. Мо ин ҷо ҳамроҳи Наврӯз Умар ва муфаттиши прокуратура сари ин масъала хело андеша намудем ва аз рӯйи вазъи ба амаломада фаҳмидем, ки ҳамшираи шафқат ба ҷуз заҳр бо дигар роҳ имконияти аз байн бардоштани Боҳир Қаюмро надорад.
– Ҳоло мо чӣ кор намоем?
– Ҳамроҳи Наврӯз Умар ба дафтари кориатон рафта, дар ҳолати омодабош бошед. Ба наздикӣ гурӯҳи сеюмро ҳам иваз намудан лозим мешавад, Худо накардаву «Ф» ягон чизро пай барад.
– Тогда ищи ветра в поле,– гуфт Абдумаҷидов.
– Ана барои чунин нашавад як маротибаи дигар ҳамаи ҳолатҳои корро аз нуқтаи назари мантиқ фикр намудан лозим.
Боварӣ ҳаст, ки амалиёт бобарор анҷом меёбад. Ҳа, дар воқеъ дирӯз мо ҳамроҳи Фурӯғи Шариф, рости гап ӯ моро ба бекорагӣ ҳам гунаҳкор кард, ана чи хеле ки гуфтам, ҳамроҳи муфаттиши прокуратура ба амалиёт номе гузоштем. Дар асл ин таклифи муфаттиш буд ва ба банда низ писанд омад.
– Хуш чӣ ном будааст?
– Амалиёти «Шоҳид» аслан ном ба мазмун баробар. Дар Россия ҳамкасбони мо сари ин масъала чӣ андеша доранд?
– Онҳо ба ёрии бевоситаи мо умед бастаанд.

пешина
аз 515
навбатӣ